Норак: 60 нафар ҷавонони бонанг ихтиёрӣ бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардиданд
НОРАК, 02.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел бахшида ба Рӯзи даъватшаванда 60 нафар ҷавонони бонанги шаҳри Норак ба таври ихтиёрӣ ва бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ сафарбар гардиданд. Ба ин муносибат дар толори муассисаи таълимии рақами 28-и шаҳри Норак бо иштироки раиси шаҳр Маликшо Неъматзода, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, падару модарон ва даъватшавандагон маросими тантанавӣ оид ба даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар ҷамъомад раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода аз корнамоӣ ва диловарии фарзандони Ватан дар тӯли таърих ёдовар шуда, иброз дошт, ки бо шукргузорӣ аз истиқлолият ва оромии мамлакат ва ташаббуси падару модарон ба даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонон ба таври ихтиёрӣ ба Артиши мамлакат сафарбар шуданд. Ин буд, ки шаҳри Норак дар рӯзи якум маъракаи даъватро пурра ҷамъбаст намуд.
Албатта, ин амал ҳисси баланди масъулиятшиносию ватандӯстии сокинони шаҳрро нишон медиҳад.
Тибқи иттилои масъулини шаҳри Норак, аз шумораи умумии сафарбаршудагон 31 нафар курси ронандагӣ ва дигарон курсҳои барқчӣ ва харротиро хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаҳои касбӣ гардидаанд.
Дар қисмати дуюми ҷамъомад баҳри болидарӯҳӣ ва хушҳолии даъватшудагону волидайни онҳо барномаи консертии дастаи ҳунарии шуъбаи фарҳанги шаҳр манзур гардид.








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






