Оқибатҳои садамаи бинои истиқоматии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бартараф гардиданд

Апрель 20, 2020 11:10

ДУШАНБЕ, 20.04.2020./ АМИТ «Ховар»/. Шоми 17 апрел ба навбатдори фаврии қисми навбатдории Маркази идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар расид, ки плитаи оҳану бетонии боми зинапояи ошёнаи панҷуми бинои 7 М4, кӯчаи Испечак 1, воқеъ дар  пушти тарабхонаи Шаҳриёр  фурӯ рехтааст.

Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  ба АМИТ “Ховар”  хабар доданд,   26 нафар наҷотдиҳандагони Маркази таъйиноти махсуси кофтуковию наҷоти Кумита ва Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷои ҳодиса ҳозир  шуда, ба корҳои эвакуатсионӣ шурӯъ намуданд.

Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино- 2 дар ҷойи ҳодиса навбатдории шабонарузӣ ташкил намуда, корҳои бартарафсозӣ ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандон ба рӯзи дигар мавқуф гузошта шуданд.

18 апрел наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати шаҳри Душанбе ва кормандони Раёсати хадамоти таъйиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ-наҷоти Кумита ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, бетонҳои шикастаро бардошта, биноро ба ҳолати бехатар баргардониданд.

«Сокинон ба маҳалли истиқомати худ баргаштанд»,- афзуд манбаъ.

Апрель 20, 2020 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад