Оё рост аст, ки кӯдакон камтар ба коронавирус гирифтор мешаванд? Табибони тамоми ҷаҳон мекӯшанд фаҳманд, ки чаро дар кӯдакон ин беморӣ сабук ҷараён мегирад

Апрель 27, 2020 12:16

ДУШАНБЕ, 27.04.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Алҳол ду мавзӯи асосӣ мавриди  муҳокимаи ҷаҳониён қарор гирифтаанд.  Якум, ин худи вирус, пайдоиши он, миқёси паҳншавӣ,  зарари он ба  иқтисодиёт  ва оромии иҷтимоӣ мебошад. Масъалаи  муҳими дигар ин аст, ки  оё   пандемия метавонад тӯлонӣ бошад  ва чиро бояд интизор шуд,  ҳолат муътадил боқӣ хоҳад монд ва ё  моро анҷоми фалокатбор  интизор аст?

Алҳол аксари ин суолҳо беҷавобанд.  То кунун дар фазои иттилоотӣ  танҳо рақамҳои хушку холӣ ҳукмфармоянд:  чанд нафар сироят ёфтаанд, чӣ қадар фавтидаанд ва шумораи шифоёфтагон кадом  аст.

Дар маҷмӯъ, аз рӯи мушоҳидаҳои пешакӣ,  гирифтории кӯдакон нисбат ба калонсолон хеле кам ба назар мерасад. Масалан, дар Россия то имрӯз ҳамагӣ даҳҳо кӯдаки бемор  маълуманду халос.

Табибони олам дар ҳалли ин муаммо дар мондаанд.

Олимони амрикоӣ низ дар  тадқиқоти охири худ маълумоти табибони чиниро тасдиқ кардаанд.  Онҳо  қаблан кам осебпазир будани кӯдаконро ба сирояти коронавирус собит намуда буданд.  Дар баъзе кӯдакон аломатҳои    COVID-19, аз қабили сулфаи хушк, ҳарорати  баланд ва нафастангӣ дида намешаванд.  Вале, дар ҳар сурат,  бояд хатарро нодида нагирем.  Масалан, дар ИМА дар тӯли якуним  моҳ 2,5 ҳазор кӯдаки бемори коронавирус  ба қайд гирифта шудаанд, бо кадом сабабе аксари онҳо писаронанд. 147 нафар дар беморхона бистарӣ гашта, панҷ нафар ба шуъбаи эҳёгарӣ фиристода шуданд ва се нафари дигар наҷот ёфта натавонистанд.

Пас, барои чӣ  кӯдакон аксари вақт дар баробари вирус осебпазир нестанд,  чаро бештар писарон ва тифлон мавриди ҳамлаи вирус қарор мегиранд? Алҳол дар ин бора  маълумот хеле ночиз аст.

Андрей Фисенко, директори Маркази миллии тадқиқотии саломатии кӯдакони Россия  чунин мегӯяд: «Кӯдакон аксар вақт танҳо интиқолдиҳандагони вирус ҳастанд. Ҳатто онҳое, ки беморанд,  сироятро ба осонӣ паси сар месозанд. Вақте кӯдак зоҳиран солим менамояд, ҳеҷ кас пай  намебарад, ки ӯ интиқолдиҳандаи вирус мебошад. Аммо, мутаассифона, ин ҳақиқати ҳол аст. Аксари беморони солхӯрда  аз фарзандон, наберагону аберагонашон сироят меёбанд».

Профессор Фисенко  суханашро идома медиҳад: «Ба наздикӣ фарзияе пайдо шуд, ки гӯё эм кардани  кӯдакон  сабаби  муқовимати онҳо ба коронавирус  гаштааст.  Эмкуниҳои пешгирикунанда шояд садди коронавирус шуда натавонанд,  вале, бешубҳа,  аз намудҳои дигари микроб кӯдаконро ҳифз  карда метавонанд. Пас, эмгузаронӣ барои саломатии кӯдакон чизи ҳатмист!».

Боз як ҷузъиёти намоёне чун муаммои COVID-19  дар  кӯдакон ба назар мерасад.

Аз рӯи ақидаи табибон,  дар кӯдакони сироятшуда нишонаҳое мавҷуданд, ки ба калонсолон  хос нестанд. Ин аломатҳо бо шаклҳои гуногун дар рӯдаҳо пайдо мешаванд,  кӯдакон шикамрав мегарданд ва ё қай мекунанд. Албатта, ин ҳолат на дар ҳамаи онҳо, балки   фақат дар 10-15%  мушоҳида мешавад. Беш аз ҳама кӯдакони то 5-сола ба ин дард тоб намеоранд ва  роҳи нафаси онҳо  метавонад варам кунад.

Маслиҳати табибон

 Агар кӯдак бисулфад ва ё аз дарди гулӯ шикоят бикунад,  дарҳол  ба воҳима наафтед. Аз ҳамон воситаҳое, ки одатан ҳангоми зуком бо он кӯдаконро табобат мекунед,   истифода намоед. Боз ҳам лиму, асал   ва доруҳои дигари зидди зуком метавонанд бароятон кумак бирасонанд. Агар  ҳарорат баланд шуда, аҳвол беҳбудӣ наёбад, зуд ба духтур муроҷиат намоед.

Коршиносон тавсия медиҳанд, ки ба кӯдак аз ҳад зиёд ғизо надиҳед. Ҳангоми истеъмоли маҳсулоти  аз орд тайёршуда, чун нон ва дигар ғизоҳои хамирӣ боэҳтиёт бояд  буд. Истеъмоли шакар, шириниҳо, ғалладонагиро  низ зери назорат  гиред. Тавсия дода мешавад,  ки баъди ҳар 3, 4, 5 соат ба кӯдак  ба миқдори  муайян хӯрокҳои  фоиданок дода, хӯроки шом танҳо  1,5  соат пеш аз хоб бошад.

Кофӣ набудани ҳаракат барои ҷисми кӯдак метавонад саломатии ӯро халалдор созад. Барои хуб ҳаракат намудани хун дар рагҳо ва фаъолияти  мушакҳо бояд кӯдакон давоми рӯз 2-3   маротиба ба машқи бадан машғул бишаванд. Ҳавои хонаро на камтар аз 5-10 дақиқа  шамол диҳед.  Ба  кӯдакон иҷозат надиҳед,  ки онҳо рӯзи дароз дар назди компютер нишинанд  ва ё дар даст телефон соатҳои тӯлонӣ  банди он  бошанд. Ҳар 15-20 дақиқаро  барои танаффус ҷудо  намоед.

Мақола аз рӯи маводи
рӯзномаи «АиФ» омода шудааст.

Апрель 27, 2020 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода