Пагоҳ бозии Суперҷоми Тоҷикистон доир мегардад

Апрель 3, 2020 15:20

ДУШАНБЕ, 03.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2020 байни дастаҳои  футболи   «Истиқлол»-и Душанбе  ва  «Хуҷанд»-и Хуҷанд баргузор мешавад. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бозии Суперҷоми Тоҷикистон-2020 байни дастаҳои  футболи «Истиқлол»-и Душанбе  ва «Хуҷанд»-и Хуҷандро рефери ФИФА Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак ҳакамӣ мекунад. Дар ин бозӣ ба Насрулло Кабиров ёварон Акмал Буриев (Турсунзода) ва Исмоил Нуралиев (Норак) кумак мекунанд. Гулмуроди Саъдулло дар ин вохӯрӣ довари эҳтиётӣ таъйин шудааст.

Ёдовар мешавем, ки бозии мазкур бинбар сар задани хуруҷи вируси корона бидуни тамошобин баргузор мешавад.

Суперҷоми Тоҷикистон-2020

4 апрел (шанбе)

Оғози бозӣ соати 17:00

«Истиқлол» – «Хуҷанд»

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Ёварони довар: Акмал Буриев (Турсунзода), Исмоил Нуралиев (Норак).

Довари эҳтиётӣ: Гулмуроди Саъдулло (Душанбе).

Нозири бозӣ: Раҳимҷон Шарипов (Душанбе

Комиссари бозӣ: Беҳруз Айниддинзода (Бохтар).

Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе

Апрель 3, 2020 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид