Парвози ҳавопаймоҳои чартерӣ танҳо барои баргардонидани шаҳрвандони Россия аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо пешбинӣ шудааст

Апрель 29, 2020 08:10

ДУШАНБЕ, 29.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба маълумоти ҳамватанон мерасонад, ки парвози ҳавопаймоҳои пешбинишуда- ин хатсайрҳои чартерӣ буда, аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия танҳо барои баргардонидани шаҳрвандони Россия (хоҳишмандон) аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ташкил карда мешавад, ки пас аз иҷозати ҷониби Тоҷикистон амалӣ мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар медиҳад.

Аз ин лиҳоз Сафорати Тоҷикистон дар Россия аз ҳамаи ҳамватанон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба маълумоти шубҳанок ва носанҷида бовар накунанд.

Ҳамчунин дар сурати пешниҳоди фурӯши билети ҳавопаймо аз ҷониби шахсони алоҳида аз харидории чунин билетҳои ҳавопаймо бояд худдорӣ намуд.

Ҳангоми барқарор шудани парвози ҳавопаймоҳо ба самти Тоҷикистон шаҳрвандон метавонанд маълумотро танҳо аз сайтҳои расмии ширкатҳои ҳавопаймоӣ, Сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Россия, инчунин дигар мақомоти расмии Тоҷикистон дарёфт намоянд.

Зимнан, аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамватанон эҳтиромона хоҳишмандем, ки дар сурати ба миён омадани суолҳо ва масъалаҳои ҳалталаб, бевосита, ҳар  шахс худаш тавассути телефонҳои доимии амалкунандаи Сафорати Тоҷикистон ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон, ки дар зер нишон дода мешаванд, муроҷиат намояд:

ш. Москва:

+7 (926) 411 09 61

+7 (995) 501 87 33

+7 (985) 740 02 12

+7 (495) 690-41-86

e-mail: tajembmoscow@mfa.tj

Facebook: @tajembassy.ru

ш. Санкт-Петербург:

+7 (961) 611 16 17

+7 (812) 490 47 46

e-mail:tajgencons.piter@mfa.tj

ш. Уфа:

+7 (347) 276 52 96

+7(927) 231 71 71

+7(927) 945 65 66

e-mail:tajconsufa@mfa.tj

ш. Екатеринбург:

+7 (343) 370 23 60

e-mail:tajconsek@mfa.tj

ш. Новосибирск:

+7 (913) 487 38 22

+7 (383) 349 59 70

e-mail:tajgencons.nsk@mfa.tj

Акси Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Апрель 29, 2020 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн