Президенти Тоҷикистон: «Паҳн гардидани коронавирус вазъи бе ин ҳам мураккаби ҷаҳонро боз ҳам печида гардонидааст»
ДУШАНБЕ, 17.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир ба бемории коронавирус иброз доштанд, ки пайдо шудану босуръат паҳн гардидани вабои коронавирус вазъи бе ин ҳам мураккаби ҷаҳонро боз ҳам мураккабу печида гардонидааст. Ин беморӣ ба кишварҳои хурду бузурги олам ва ҳатто давлатҳои аз лиҳози техникиву технологӣ пешрафта зиёни сахти ҷониву молӣ расонида, имрӯзҳо боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.
«Вазъият ба дараҷае нигаронкунанда аст, ки Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп дар ҳамаи 50 иёлати кишвари худ, яъне дар тамоми қаламрави мамлакат низоми «фоҷиа ё бадбахтии бузург» эълон кард. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз оғози сар задани ин вабо тамоми тадбирҳои пешгирикунандаро андешид, то ки он дар мамлакати мо паҳн нагардад ва ба мардуми мо сироят накунад. Бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо мо ба масъалаи ҳифзи саломатии мардуми худ эътибори аввалиндаҷа медиҳем. Масалан, дар доираи нақшаи корҳои созандагӣ ба ифтихори сисолагии истиқлолияти давлатӣ тайи солҳои 2018-2019 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ 253 муассисаи нави тандурустӣ бунёд ва 466 муассиса таъмиру таҷдид гардида, илова бар ин, то ҷашни бузурги миллиамон бунёди боз 163 муассисаи тандурустӣ ва таъмиру навсозии 125 муассиса ба анҷом расонида мешавад. Зарур аст, ки иншооти зикршуда ба хотири пешгирӣ кардани ҳама гуна бемориҳо, дар навбати аввал, бемориҳои сироятӣ ва ҳимояи ҳарчи беҳтари тандурустии аҳолии мамлакат самаранок истифода карда шавад»,- гуфтанд Сарвари давлат.
Ҳамчунин Пешвои миллат ба аъзои Маҷлиси миллӣ ва дигар ниҳодҳои давлативу ғайриҳукуматӣ муроҷиат намуда, зикр намуданд, ки зарур аст дар ин лаҳзаҳои бисёр ҳассос ҳамкории худро бо Ҳукумати мамлакат дар самти беҳдошти вазъи ҷомеа ва пешгирӣ кардани паҳншавии ин беморӣ мустаҳкам намоянд ва дар доираи имкониятҳои худ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
«Махсусан, аъзои Маҷлиси миллӣ, ки роҳбарии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаву корхонаҳоро ба уҳда доранд, бояд дар ин самт тамоми имконоту воситаҳоро истифода намоянд. Мо умед дорем, ки кишварҳои ҷаҳон дар ҳамбастагӣ бар зидди ин вабо истодагарӣ мекунанд ва дар роҳи ба эътидол овардани вазъи беҳдоштиву тандурустии аҳли башар комёб мегарданд. Ҳоло бемории коронавирус дар беш аз 200 кишвари дунё паҳн гардидааст. Мо набояд аз ин, ки чунин беморӣ дар ҷумҳурии мо вуҷуд надорад, хушҳоливу хурсандӣ кунем. Мо набояд тамошобини рӯзҳои сахти дигарон бошем. Баръакс, мо бояд ба он омода бошем, ки чунин озмоиши тақдир ё лаҳзаҳои душвор метавонанд дар давлати мо низ ба вуҷуд оянд», — гуфтанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.








Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот






