Профессори Академияи илмҳои Россия хатари бистарикунонӣ бо COVID-19 –ро баён кард
ДУШАНБЕ, 28.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бемороне, ки шакли сабуки коронавируси COVID-19 доранд, дар шифохона хобондани онҳо хавфнок аст, гуфт директори Институти паразитология ва бемориҳои тропикӣ дар Донишгоҳи Сеченов, профессори Академияи илмҳои Россия Александр Лукашев. Дар ин бора АМИТ « Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Известия» хабар медиҳад.
Ба қавли ӯ, дар ҳолати сабук гузаштани беморӣ дар хона табобат гирифтан беҳтар аст, балки интихоби дуруст аст. Зеро дар беморхона хатари дубора сироят ёфтан вуҷуд дорад.
«Он илтиҳоби шуше, ки дар дохили беморхона мавҷуд аст, нисбат ба ҳамин беморӣ дар берун аз он хатарноктар аст. Зеро дар бемористон вирусҳо аллакай ба доруҳои зидди онҳо равонашуда масуният пайдо карда, устувор гаштаанд. Хуллас, пас аз беморхона метавон боз чанд маризии дигарро дар худ дарёфт кард», — гуфт Лукашев 27 апрел дар шабакаи «Россия 1».
Рӯзи сешанбе академики АИР Валерий Черешнев дар бораи усули нави табобати коронавирус, ки дар Федератсияи Россия омода шудааст, нақл намуд. Ба гуфти ӯ, мутахассисон аллакай ба ташхиси беморон оғоз намудаанд. Роҳҳои нафаси беморон бо омехтаҳои унсурҳои химиявӣ ва оксиген, ки бо ҳарорати баланд ба буғ табдил меёбанд, табобат мешаванд.
Аз оғози пандемия дар Федератсияи Россия теъдоди умумии шахсони аз коронавирус сироятёфта аз 87 147 нафар иборат мебошад. Россия дар ин маврид аз Чин, ки дар он ҷо 83 912 ҳолати сироят ба қайд гирифта шуда буд, пеш гузашт. Дар тамоми давраи беморӣ дар ин мамлакат 794 нафар фавтида, 7346 нафар шифо ёфтаанд.
АКС аз рӯзномаи ИЗВЕСТИЯ/Сергей Конков








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






