Нусратулло Абдуллозода: «Ҳокимияти судӣ маҳз дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон инкишоф ёфт»

Апрель 15, 2020 15:07

ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 21 ноябри соли 2019 мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони мақомоти судӣ баргузор гардид, ки Сарвари давлат натиҷаҳои фаъолияти кормандони ин мақомотро дар давраи аз соли 2009 то 2019 таҳлилу баррасӣ карда, барои ислоҳи камбудиҳо, таъмини волоияти қонун ва дигар самтҳои асосии соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар  робита ба ин мавзӯъ собиқ Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2003-2006, собиқ Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2006-2015, судяи дараҷаи олии тахассус Нусратулло АБДУЛЛОЗОДА  зимни ирсоли мақолаи зер ба унвони АМИТ «Ховар» андешаҳояшро баён доштааст. 

— Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти худ бо кормандони мақомоти судӣ таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Ҳукумати ҷумҳурӣ барои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ, беҳтар намудани таъминоти моддию техникии судҳо, такмили қонунгузории соҳа ба хотири баланд бардоштани нақши суд дар таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон тадбирҳои муҳиму мушаххас роҳандозӣ кардааст.

Дар ҳақиқат истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули фаъолияти мақомоти судӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Аз ҷумла, тавре Сарвари давлат зикр намуданд, дар ин давра барои рушду таҳкими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ қабул карда шуд. Ин барномаҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, ҷиҳати ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд.

Истиқлолият ҳамчун бузургтарин  дастоварди халқи тоҷик дар таърихи миллат саҳифаи наверо  оғоз  бахшид. Дар ин марҳилаи кӯтоҳи таърихӣ маҳз бо кӯшиш ва ғайрати беандозаи Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  асосҳои сохтори  конститутсионӣ,  рукнҳои  нави  идоракунии  давлат  ва  меъёрҳои  танзимкунандаи ҳаёти ҷомеа гузошта шуданд.

Имрӯз мо аз он ифтихормандем, ки халқи Тоҷикистон  бо  роҳбарии  Сарвари  давлатамон,  бо  дарки  баланди  масъулиятшиносӣ дар  назди  наслҳои  гузашта,  ҳозира  ва  оянда соҳибихтиёрии  давлати  худ  ва  рушду  камоли  онро  таъмин  намуда,  ҷомеаи  демократию ҳуқуқбунёд ва адолатпарвар бунёд карда истодааст.

Маҳз  истиқлолияту  давлатдории  миллӣ ба  мо  имкон  дод,  ки  ба  таърихи  миллати куҳанбунёди худ беҳтару бештар ошно шавем, решаҳои тамаддуни гузаштаро ҷустуҷӯ карда, онро барои таҳкими ватандӯстию худшиносӣ, ҳувияти  миллию  ифтихори  ватандорӣ ва  тақвияти  пояҳои  давлати  мустақилу соҳибихтиёрамон истифода барем.

Баъд  аз  соҳибихтиёр  гаштани  ҷумҳурӣ инкишофи  муносибатҳои  ҷамъиятӣ  зарурати  гузаронидани  ислоҳоти  сиёсию  ҳуқуқиро ба  миён  гузошт. Давраи  навини  давлатсозию  давлатдории  мустақилона  ба  роҳбарият  ва  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон  имконият  дод,  ки  дар роҳи  дигаргун  сохтани  шакли  моликият,  ташаккули  иқтисодиёти  миллӣ  ва  сохторҳои нави идоракунӣ, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро пеш гирифта,  ба  таҳкими  минбаъдаи  ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи  ҳуқуқу  озодиҳои  инсон,  ҳимояи манфиатҳои  қонунии  давлат,  корхонаҳо, муассисаҳо  ва  дигар  ташкилотҳо,  такмили сохторҳои  судӣ ва  тақвияти  фаъолияти  онҳо, беҳдошти  вазъи  моддию  ҳуқуқии  мақомоти судӣ  ва  судяҳо,  инчунин  мукаммал  намудани қонунҳо як зумра пешравиҳои назаррас ба даст оварда шаванд.

10  марти  соли  1992  бо  Қарори  Совети  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додгоҳҳои ҳакамии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тартиби ҳалли баҳсҳои хоҷагӣ дар додгоҳҳои ҳакамии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  қабул  карда шуданд, ки дар онҳо ба ғайр аз равшан намудани масъалаҳои вобаста ба вазифаҳо, мақом ва фаъолияти додгоҳҳои ҳакамӣ тартиби ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ низ инъикоси худро ёфтанд.

Дар  ҳамин  радиф  барои  амалӣ  гардонидани  адолати  судӣ  дар  Қувваҳои  Мусаллаҳи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  соли  1993  бо  Қарори Раёсати Маҷлиси Олӣ Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи июни соли 1994 судҳои ҳарбии гарнизонҳо таъсис ёфтанд.

Ҳанӯз  соли  1993  Раёсати  Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ «Дар бораи тадбирҳои ташкилӣ оид ба таҳияи консепсияи  сохтмони  давлатию  ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон»  комиссияи  корӣ  таъсис  дода, баъдан  худи  ҳамон  сол  Иҷлосияи  ҳабдаҳуми Шӯрои  Олӣ  ҳайати  нави  Комиссияи  конститутсиониро таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ намуд, ки ин падида дар бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду шаҳрвандӣ нақши  муҳим  бозида,  барои  оғози  ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҷомеаи навини мо замина гузошт.

Бо роҳи раъйпурсии  умумихалқӣ қабул  гардидани  Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  6  ноябри  соли  1994 ҳамчун  ҳуҷҷати  сарнавиштсоз  барои  давлату миллати тоҷик ба раванди ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ  тақвияти  нав  бахшид.  Принсипи  конститутсионии  таҷзияи  ҳокимият  дар  он  баён карда шуд, ки он ба инкишофи муътадили демократикунонии  ҷамъият,  ҳифзи  ҳуқуқ,  озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолат мусоидат менамояд.

Таҳкими воқеан демократии ҳокимияти судии Тоҷикистон танҳо баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  қабули  Конститутсияи   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  оғоз гардид.

Конститутсия муқаррар намуд, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.

Дар  амалӣ  намудани  ин  ҳадафи  олӣ  ва рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва  иҷтимоӣ  низоми  дақиқан  муайяншудаи мустақил  ва  беғарази  судӣ  ҳамчун  як  шохаи мустақили  ҳокимияти  давлатӣ  нақши  муҳим мебозад. Бешубҳа, дар роҳи таҳкими ҳокимияти судӣ ва баамалбарории  адолати  судӣ  нақши  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон басо муҳим аст.

Ҳокимияти судӣ дар шаклҳои муайянкардаи  Конститутсия  ва  қонунҳо  татбиқи  адолати  судиро  таъмин  менамояд.  Татбиқи  адолати  судӣ  аз  тарафи  Суди  конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе мувофиқан аз тариқи мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва маъмурӣ ба амал бароварда мешаванд, ки ин як комёбии назаррас дар низоми судии мамлакат мебошад.

Дар  натиҷаи  таҳкими  ваҳдату  субот ва  ризояти  миллӣ  тариқи  раъйпурсии умумихалқӣ  26  сентябри  соли  1999  ба  Конститутсияи  мамлакат як  қатор тағйироту иловаҳо ворид гардида, Шӯрои адлияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳамчун  мақоми нави  давлатии  дастҷамъӣ  таъсис  ёфт,  ки вазифаҳои он аз пешниҳод намудани таклифҳо оид ба такмили низоми судӣ-ҳуқуқӣ ва мусоидат намудан ба таҳкими мустақилияти судҳо, таъмини  ташкилӣ,  молиявӣ,  моддию  техникии судҳо, хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судягӣ ва коромӯз-судя, такмили  ихтисоси  судяҳо  ва  коромӯз-судяҳо ва  кормандони  дастгоҳи  судҳо,  ба  истиснои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ иборат аст.

Бо  дарназардошти  пешравиҳо  дар ҷомеа  маротибаи  дуюм  ба  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22  июни  соли  2003 тағйиру  иловаҳои  нав  ворид  шуданд,  ки  дар асоси онҳо муҳлати ваколати судяҳо аз 5 то 10 сол, синни ниҳоии дар мансаби судягӣ будан аз 60 то ба 65 сол муқаррар гардид.

Мувофиқи  Конститутсия  ҳар  кас  кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил  ва  беғараз,  ки  тибқи  қонун  таъсис ёфтааст,  баррасӣ  намояд.  Аз  ин  рӯ,  адолати судӣ яке аз зуҳуроти ба амал баровардани адолати иҷтимоӣ буда, дар самти ҳифз намудани ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд мавқеи хосса дорад, яъне  хусусияти  хоси  адолати  судӣ,  ба  мисли мустақилияту  беғаразии  судяҳо  ва  танҳо  ба Конститутсия ва қонун итоат намудани онҳо, принсипҳои  демократии  мурофиаи  судӣ,  аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, дар асоси мубоҳиса сурат гирифтани мурофиаи судӣ, баробарҳуқуқии иштирокчиёни мурофиа кафили муҳими таҳкими қонунияту адолат ва рушди демократии ҷомеаю давлат мебошад.

Тавре  аз  талаботи  Конститутсия  ва қонунҳои  конститутсионии  марбут  ба  судҳо бармеояд,  ба  ҷуз  аз  судҳо  дигар  мақомоти давлатӣ ва ё ҷамъиятӣ ҳуқуқи ба амал баровардани адолати судиро надоранд.

Бояд  зикр  кард,  ки  давлату  ҳукумат  ва алалхусус  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти судӣ ҳамчун  шохаи  мустақили  ҳокимияти  давлатӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар рушду такомули соҳа ҷиҳати риояи ҳуқуқу озодиҳои инсону  шаҳрванд  ва  таъмини  адолати  иҷтимоӣ пайваста ғамхорӣ менамоянд.

Аз ин ҷост, ки Фармони  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1997 «Дар бораи баъзе тадбирҳо оид ба таъмини мустақилияти ҳокимияти  судии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  ба имзо расонида шуда буд. Тибқи он ҳалли як қатор масоил, аз қабили таъсис додани вазифаҳои  приставҳои  судӣ  ва  ёрдамчиёни раисони  судҳо,  шумораи  мувофиқи  котибони маҷлиси  судӣ,  ҷудо  кардани  маблағҳо  барои таъмини моддии судҳо, пардохти мукофотпулӣ ба  машваратчиёни  халқӣ,  таъминоти  моддии судяҳо ва аъзои оилаи онҳо, таъмиру тармим ва таҷҳизонидани биноҳои судҳо, бо воситаҳои нақлиёт ва техникаи ёрирасон таъмин намудани судҳо пешбинӣ карда шуд, ки онҳо марҳила ба марҳила ҳалли худро ёфтаанд.

Махсус  бояд  зикр  кард,  ки  ба  масоили  ҳуқуқии  сиёсати  гендерӣ, аз  ҷумла баробарҳуқуқии  занон  то  соли  1991  чандон эътибори  ҷиддӣ  зоҳир  намегардид.  Баъди  ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онро ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии давлати  Тоҷикистон  мубаддал  гардониданд.

Дар ин самт дар солҳои мухталиф Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи кафолати давлатии баробарҳуқуқии мардону  занон  ва  имкониятҳои  баробари амалигардонии  онҳо», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини имкониятҳои баробари мардон ва занон  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои  солҳои 2001-2010», «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи тасдиқи  Стратегияи  миллии  фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Дар бораи тасдиқи «Барномаи давлатии тайёр кардани  мутахассисон  аз  ҳисоби  занон  ва  мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015» ва  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  бораи «Пешгирии  зӯроварӣ  дар  оила»  қабул гардиданд, ки барои баланд бардоштани  нақши  зан  дар  ҷомеаи  навини тоҷикон мусоидат намуда истодаанд. Дар кишвар ҷиҳати амалӣ гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии  зикршуда  тадбирҳо  андешида  мешаванд.

Фармони  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007  «Дар бораи  Барномаи  ислоҳоти  судӣ-ҳуқуқӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2010» ба таҳкими мақомоти судӣ ва иҷрои вазифаҳои дар назди онҳо гузошташуда роҳи васеъ кушод.

Барномаи мазкур дар баробари фаъолияти ҳокимияти  судӣ  фаъолияти  мақомоти  ҳифзи ҳуқуқро низ, ки бо раванди ба амал баровардани адолати судӣ робитаи бевосита доранд, дар бар гирифтааст.

Ҷиҳати  иҷрои  Нақшаи  тадбирҳо  оид  ба татбиқи  Барномаи  ислоҳоти  судӣ-ҳуқуқӣ  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қабул  гардидани  як силсила  қонунҳо,  аз  ҷумла  Кодексҳои  мурофиавии  гражданӣ,  иқтисодӣ,  ҷиноятӣ,  Кодекси  ҳуқуқвайронкунии  маъмурӣ,  Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», «Дар бораи  Ваколатдор  оид  ба  ҳуқуқи  инсон  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон»,  ки  дар  даврони истиқлолият таҳия ва қабул гардиданд, инчунин дар ҳамин раванд дар судҳои вилоятӣ, суди шаҳри Душанбе, Суди Олӣ ташкил гардидани коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ ва  ҳуқуквайронкунии  маъмурӣ  ба  таҳкими ҳокимияти судӣ мусоидат карда истодаанд.

Мутобиқи  меъёрҳои  Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва қонунҳои  дар  боло  зикршуда,  адолати  судӣ дар  асоси  баробарии  шаҳрвандон  дар  назди қонун  ва  суд,  қатъи  назар  аз  миллат,  нажод, ҷинс,  забон,  эътиқоди  динӣ,  мавқеи  сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил, молу мулк ва ҳолатҳои дигар  сурат  мегирад.  Шаҳрвандони  хориҷӣ ва шахси бетабаа дар қаламрави Тоҷикистон ба мисли шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳуқуқи ҳифзи  судӣ  баробар  истифода  мебаранд.  Суд мустақилият, беғаразӣ ва холисии худро нигоҳ дошта,  роҳбарии  мурофиаро  анҷом  медиҳад. Суд ҳуқуқ надорад, ки ба яке аз тарафҳо имтиёз дода, ҳуқуқҳои тарафи дигарро маҳдуд намояд.

Бо як ҷумла метавон хулоса намуд, ки асоси ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ тақвият бахшидани мақоми суд, ҷараёни демократикунонии мурофиаи судӣ ва дар пояи он куллан тағйир додани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, заминаи меъёриву ҳуқуқии он маҳз дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба миён омадааст.

МАЪЛУМОТНОМАИ АМИТ «ХОВАР»:

Имрӯз  ба зодрӯзи ходими сиёсиву давлатӣ, ҳукуқшиноси шоиста ва судяи дараҷаи олӣ Нусратулло Абдуллозода 70 сол пур мешавад. Мавсуф 15 апрели соли 1950 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.

Нусратулло Абдуллозода дорои маълумоти олӣ буда, соли 1977 факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) – ро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатияшро соли 1968 оғоз намуда, аз соли 1977 дар мақомоти адлия ва судии мамлакат кор кардааст.

Давоми фаъолият ӯ ба ҳайси мушовири калони Шуъбаи адлия, судяи Суди вилояти Хатлон, муовини сардори Шуъбаи адлия дар ин вилоят, Раиси суди ноҳияи Вахш ва раиси Суди вилояти Хатлон кор кардааст.

Солҳои 2003-2006 Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2006-2015 дар вазифаи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 2015 бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, ҳоло дар ҳалқаи наздикону пайвандон умр ба сар мебарад.

Апрель 15, 2020 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«САРБОЗИ ВАТАНРО ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ!». Дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ идома дорад
Шаҳри Роғун нақшаи даъвати тирамоҳии ҳарбиро пурра иҷро намуд
Дар Душанбе масъалаҳои ҳамкорӣ ва рушди хадамоти пенитенсиарии давлатҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуданд
Дар Тоҷикистон вохӯрии байналмилалии донорҳо ба хотири таъсиси Маркази байналмилалии омӯзишӣ оид ба муқовимат бо терроризм доир шуд
Дар мавзеъҳои хатарноки шаҳри Душанбе корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ гузаронида шуд
Президенти Тоҷикистон: «Сатҳи ҷинояткорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст»
Дар шаҳри Ботканд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани корҳои пешгирикунӣ беш аз 19 миллион ҷудо гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба таври манфиатбахш густариш меёбад
Дар шаҳри Роғун Шурои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
Артиши миллии Тоҷикистон қодир аст, ки амнияти давлату миллатро пурра таъмин намояд
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ баррасӣ намуданд