«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Ин аксияи ҷавонон ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 15.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 18 апрел бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе таҳти унвони «Саҳми ман дар шаҳри ман» аксияи умумишаҳрии ҷавонон доир карда мешавад. Аксияи умумишаҳрӣ дар пойтахт аз соати 08:00 то 10:00 баргузор мегардад. Дар доираи он ҷавонон кӯчаву гулгашт, атрофи бино, хобгоҳҳо, иншооти ташкилоту муассисаҳо, шаҳраку маҳаллаҳо ва майдончаҳои варзишии пойтахтро тоза менамоянд.
Тавре корманди Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Маҳкамбой Гулов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, иқдоми мазкур дар доираи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 7 апрели соли 2020 «Дар бораи таҷлили Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе» ба нақша гирифта шудааст. Мақсад аз роҳандозӣ намудани ҳамоиши мазкур тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри Душанбе, пайравии ҷавонони пойтахт аз ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дар сатҳи баланду зарурӣ баргузор намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Аксияи умумишаҳрии ҷавонон бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, дар он иштироки дастаҷамъонаи ҷавонони касбу кори гуногун дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар Тоҷикистон Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад.








Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид






