Шӯрои уламо: 24 апрел рӯзи аввали моҳи шарифи Рамазон аст

Апрель 21, 2020 11:47

ДУШАНБЕ, 21.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи ҷумъа, 24 апрел дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад. Соли равон давомнокии моҳи шарифи Рамазон 30 рӯз муайян гардида, он 23 май ба анҷом мерасад. Ҳамин тариқ, 24 май дар мамлакат Иди Рамазон таҷлил мегардад. Дар робита ба ин имрӯз қарори Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии  Тоҷикистон қабул гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии  Тоҷикистон хабар медиҳад, ниҳоди мазкур дар ҳамкорӣ бо Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муайян намудаанд, ки соли равон оғози моҳи шарифи Рамазон ба ин рӯз рост меояд.

Зимнан, 17 апрел Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус (COVID-19) дар Тоҷикистон қарори қабул намуд, ки тибқи он дар моҳи Рамазон баргузор намудани ҳар гуна ҷамъомад — таровеҳ, ифтор, идгардак ва дигар маъракаҳо манъ карда шуданд.

Шӯрои уламо ба шаҳрвандони мамлакат тавсия додааст, ки закот, садақаи фитр ва дигар хайрияҳо ба шахсони ниёзманд, ятимон, бепарасторон ва маъюбон дода шаванд. Шахсони саховатманд метавонанд садақа ва закоти худро барои пешгирии бемории сироятии мазкур ба суратҳисоби хазинаи махсус гузаронанд.

«Тавсияҳои табибон ва тадбирҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоми рӯзадорӣ ва дигар маросим бояд қатъиян риоя карда шаванд»,- омадааст дар қарори Шӯрои уламо.

Апрель 21, 2020 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид