Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия бе тамдиди муҳлати патент ва бақайдгирӣ метавонанд кори худро идома диҳанд

Апрель 21, 2020 08:15

ДУШАНБЕ, 21.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия метавонанд бе тамдид намудани муҳлати патент, бақайдгирӣ дар маҳали иқомат ва дигар иҷозатномаҳо барои кор дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия, яъне новобаста ба он ки дар кадом шаҳру вилоятҳои Россия зиндагӣ доранд, кори худро идома диҳанд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Россия хабар медиҳад, тибқи фармони Президенти Федератсияи Россия аз 18 апрели соли 2020, аз 15 март то 15 июни соли 2020 муҳлати патент, бақайдгирӣ дар маҳали иқомат ва дигар иҷозатномаҳо барои кор дар тамоми қаламрави Федератсияи Россия дароз карда шуд.

Дар давраи зикршуда, барои масъалаҳои патент ва бақайдгирӣ муроҷиат ба мақомоти дахлдори давлатии Россия зарурат надорад, ҳамчунин ягон намуди пардохти маблағ пешбинӣ нагардидааст.

Барои дигар масъалаҳое, ки муҳоҷирон мехоҳанд ба мақомоти дахлдори Россия муроҷиат намоянд, лутфан, шахсан ва бе ягон шахсони миёнарав муроҷиат кардан зарур аст, зеро дар вазъияти имрӯза нафароне ҳастанд, ки бо пешниҳоди маълумоти дурӯғ ва бо мақсади ситонидани маблағ шаҳрвандонро фиреб медиҳанд.

Ҳамчунин аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон-ҳамватанон эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки дар сурати ба миён омадани суолҳо ва масъалаҳои ҳалталаб, бевосита, ҳар як шахс худаш, тавассути телефонҳои доимӣ амалкунандаи Сафорати Тоҷикистон ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон, ки дар зер нишон дода мешаванд, муроҷиат намояд:

ш. Москва:

+7 (926) 411 09 61

+7 (995) 501 87 33

+7 (985) 740 02 12

+7 (977) 487 89 64

+7 (910) 443 63 35

e-mail: tajembmoscow@mfa.tj

Facebook: @tajembassy.ru

ш. Санкт-Петербург:

+7 (961) 611 16 17

+7 (812) 490 47 46

e-mail:tajgencons.piter@mfa.tj

ш. Уфа:

+7 (347) 276 52 96

+7(927) 231 71 71

+7(927) 945 65 66

e-mail:tajconsufa@mfa.tj

ш. Екатеринбург:

+7 (343) 370 23 60

e-mail:tajconsek@mfa.tj

ш. Новосибирск:

+7 (913) 487 38 22

+7 (383) 349 59 70

e-mail:tajgencons.nsk@mfa.tj

Акс аз Сафорати Тоҷикистон дар Россия

Апрель 21, 2020 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн