Шодихон Ҷамшед: «Тоҷикистон яке аз 13 давлатест, ки дар онҳо то имрӯз сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст»

Апрель 1, 2020 14:35

ДУШАНБЕ, 01.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз 13 давлате мебошад, ки дар онҳо то имрӯз сироятёбӣ аз коронавируси навъи нав-COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Ин нуктаро муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед имрӯз зимни суҳбати «мизи гирд» дар шаҳри Душанбе баён дошт.

Мавсуф афзуд, ки Тоҷикистон, Туркманистон, Яман аз зумраи ин мамлакатҳо мебошанд, ки аз таъсири COVID-19 эмин мондаанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҷамъомади мазкур дар хусуси нақшаи коммуникатсияи хавф ва ҷалби ҷомеа оид ба COVID-19  барои Тоҷикистон доир гардида, дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ЮНИСЕФ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки  нақшаи коммуникатсияи хавф ва ҷалби ҷомеа барои барқарор намудани коммуникатсияи дутарафаи байни аҳолӣ ва мақомоти дахлдори ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Гурӯҳи кории миллӣ оид ба омодагӣ ва вокуниш ба COVID-19  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

«Имрӯз коронавирус зиёда аз 200 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳидро фаро гирифтааст. Паҳншавии он новобаста аз сатҳи иқтисодиву молиявии мамлакатҳо баръало нишон дод, ки чӣ қадар пайомадҳои бузурги иқтисодӣ, маънавӣ ва тандурустиро дар кишварҳои пешрафтаи дунё, аз ҷумла Америка ва Иттиҳоди Аврупо ба вуҷуд овардааст»,- гуфт Шодихон Ҷамшед.

Дар ин замина,- гуфт мавсуф,  мо  бояд ҷиҳати ворид нашудани ин вирус ба мамлакат  чораҳои  пешгирикунандаро боз ҳам пурзӯр намоем.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз он ёдовар шуд, ки бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ таъсис дода шуд.

«Роҳбарии ситоди доимоамалкунанда ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Коҳир Расулзода вогузор шуда, ба ҳайати он аъзои Ҳукумати мамлакат шомил мебошанд. Инчунин дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз ду моҳ инҷониб ситоди дохилиидоравӣ таҳти роҳбарии вазир Насим Олимзода фаъол аст», — гуфт Шодихон Ҷамшед.

Ситодҳои мазкур оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти намуди нави коронавирус нақшаи чорабиниҳоро тасдиқ ва амалӣ намуда истодаанд. Инчунин тибқи супориши Сарвари давлат, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мутаносибан ситодҳои дохилиидоравӣ ва ситодҳои маҳаллиро барои пурзӯр намудани чораҳои санитарию зиддиэпидемикӣ таъсис додаанд.

Мақсади мо, — гуфт Шодихон Ҷамшед, аз он иборат аст, ки тарзи дурусти вокуниши воситаҳои ахбори оммаро дар масъалаи возеҳ ва равшан ба аҳолӣ расонидани иттилооти дарпешистода таъмин намоем.

Зимнан, 30 март таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он  Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Насим Олимзода оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ дар мамлакат ҳисобот дод.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорат ва сохторҳои зертобеи он супориш доданд, ки тавассути ВАО корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро баҳри таъмини ҳаёти солим, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ пурзӯр намоянд.

Дар ҷамъомади имрӯза инчунин намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва дигарон оид ба масъалаи мавриди назар сухан гуфтанд.

Эпидемияи илтиҳоби шуш (пневмония)- COVID-19, ки моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуд, имрӯз дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ имрӯз дар бораи беш аз 200 мамлакат ва ҳудуд гузориш дод, ки дар онҳо сироятёбии шаҳрвандон аз COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Хотиррасон мешавем, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади  пешгирӣ аз сирояти  коронавирус телефони бовариро бо  рақами 511 фаъол намудааст. Ин  рақам  ба таври шабонарӯзӣ фаъол буда,  вазорат  аз сокинони мамлакат  хоҳиш менамояд, ки дар ҳолати дидани нишонаҳои вируси нав  ва дигар ҳолатҳои ба он алоқаманд фавран  бо ин рақам  ба вазорат хабар диҳанд.

Апрель 1, 2020 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»