Шоири шинохтаи тоҷик Ҳабибулло Нозирӣ аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 06.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. 5 апрел яке аз шоирони шинохтаи тоҷик Ҳабибулло Нозирӣ дар синни 63 аз олам даргузашт ва бегоҳии ҳамон рӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хок супорида шуд.
«Роҳбарияти Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар нисбат ба даргузашти сармуҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистон» Ҳабибулло Нозирӣ сахт андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд»,- омадааст дар барқияи тасаллияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои наздикони шоир, ӯ бештар аз як моҳ инҷониб бемор ва дар беморхона бистарӣ гардида буд.
Ҳабибулло Назирӣ моҳи январи соли 1957 дар ноҳияи Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Мавсуф аз соли 1991 узви Иттифоқи нависандагон буда, чандин сол вазифаи сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва маҷаллаи «Помир» -и Иттифоқи мазкурро ба уҳда дошт.
Мавсуф дар гузашта ба ҳайси муовини аввали раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, муддате вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида буд.








Муҳаққиқи афғони муқими шаҳри Ҳамбурги Олмон: «Мардуми шарифи Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бузурги маънавӣ ҳастанд»
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид
Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд






