Соҳибкор Нусрат Файзуллоев ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Бохтар ба таври ройгон 100 ҳазор ниқобҳои тиббӣ тақдим намуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муассиси ҶСШК «Ресандаи Қӯрғонтеппа» Нусрат Файзуллоев ба муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон 100 ҳазор ниқобҳои тиббиро ба таври ройгон тақдим намуд. Айни замон корхонаи «Ресандаи Қӯрғонтеппа» пурра ба истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ гузашта, дар як шабонарӯз 7 ҳазор ниқоб истеҳсол менамояд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ниқобҳо истеҳсоли корхонаи мазкур буда, 100% аз маҳсулоти пахта омода карда шудаанд. Ҳамчунин, дар ин корхона ниқобҳо аз рӯи андозаҳои гуногун, аз ҷумла барои кӯдакон низ истеҳсол карда мешаванд.
Дар ҶСШК “Ресандаи Қӯрғонтеппа” 150 нафар мутахассисони маҳаллӣ кору фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 99 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.








СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд






