Созишнома оид ба маблағгузорӣ вобаста ба Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон ба имзо расид

Апрель 3, 2020 14:32

ДУШАНБЕ, 03.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 апрел дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд вобаста ба Лоиҳаи фавқулодаи муқовимат ба вируси COVID-19 дар Тоҷикистон ба имзо расонида шуд. Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 11,3 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки он аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд маблағгузорӣ мегардад.

Тавре аз Вазорати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, созишномаро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон – Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор ва аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд Ян Петер Олтерс – Намояндаи доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расониданд.

«Мақсади асосии лоиҳа ин амалӣ намудани чорабиниҳои омодагӣ оид ба пешгирии пандемияи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он ба рушди иқтидори соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла терапияи интенсивӣ ва реаниматсионӣ, банақшагирии бисёрсоҳавии меъёри вокунишҳо ва омодагии ҷомеа, инчунин расонидани кумаки иҷтимоии муваққатӣ ба хонаводаҳое, ки аз лиҳози дастрасӣ ба озуқаворӣ осебпазиранд, равона мегардад.

Татбиқи лоиҳаи мазкур аввали соли 2020 оғоз ёфта, анҷоми он соли 2021 ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон, чунин ҳамкориҳо ҷиҳати ҷалби маблағҳои иловагӣ бо дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ низ ба роҳ монда шудааст», — афзуд манбаъ.

Апрель 3, 2020 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид