Суғд: вазъи нафарони зери карантин қарордошта қаноатбахш мебошад

Апрель 6, 2020 11:02

ДУШАНБЕ, 06.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯз дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд  баҳри пешгирии хабару гузоришҳои беасоси паҳнгардида оид ба ошкоргардии бемории коронавирус  бо иштироки масъулини Раёсати тандурустӣ дар вилоят брифинг доир гардид. Зимни он  муовини сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд Маъруфҷон Ҳоҷибоев баён дошт, ки то имрӯз дар вилоят  ягон ҳолати сироятёбӣ аз бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва сабаби марги нафари фавтида Шодиев тибқи ташхис, ҳолномаи эпидемиологии бемории ӯ ба  коронавирус ягон алоқа надошта, марҳум  аз пневмония фавтидааст. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», ки дар брифинги мазкур иштирок дошт, хабар медиҳад.

Зимни брифинг ҳамчунин гуфта шуд, ки оид ба пешгирии интиқоли навъи коронавируси КОВИД-19 тибқи нақшаи пешбинишуда  корбарӣ ҷараён дошта, корҳои пешгирикунанда ва чораҳои амалӣ дар вилоят  пурзӯр карда шудаанд.

То 6 апрел  дар муассисаҳои тандурустии вилоят 1133 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ворид шудаанд, бо аломатҳо ё нишонаҳои бемории илтиҳоби узвҳои болоии нафас ё ОРВ ба қайд   ва дар муассисаҳои тиббӣ ба назорати карантинӣ гирифта шудаанд. Айни замон вазъи  ҳамаи нафарони дар карантин қарордошта  қаноатбахш буда, ҳолатҳои миёнаи ноустувор ё вазнин ба қайд гирифта нашудаанд.

Ҳамзамон 1547 нафар бинобар ба итмом расидани 14 рӯзи тақвими карантинӣ бо ҳолати қаноатбахш ба хонаашон ҷавоб дода шуданд.

Имрӯз корҳои нақшавӣ дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббии санитарӣ пурзӯр карда шуда, боздиди хонагии одамон аз ҷониби табибони оилавӣ  барои дарёфт ё муайян намудани бемории сироятӣ идома дорад.

Ҳамчунин барои пешгирии бемориҳои сироятӣ имрӯз дар ҳамаи муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, ҳамаи муассисаҳои тандурустии вилоят баҳри пешгирии бемориҳои хатарноки сироятӣ тибқи дастурамал ва санадҳои қабулгардида амал намуда, бо маводи зарурии безараргардонӣ ва муҳофизатӣ ба миқдори зарурӣ таъмин мебошанд.

Ҳамзамон нуқтаҳои санитарӣ-карантиние, ки дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ таъсис дода шудаанд, бо мутахассисон ва таҷҳизоти зарурӣ-теплодатчик е тепловизорҳо таъмин буда, бо маводи муҳофизатии инфиродӣ пурра таъмин мебошанд.

Ҳамаи нафароне, ки аз хориҷа ба мамлакат ворид мешаванд,  барои назорати карантинӣ ба муҳлати 14 рӯзи тақвимӣ дар муассисаҳои тандурустӣ фаро гирифта мешаванд.

Ҳамаи тестҳо барои  муайян намудани бемории сироятӣ  дар маркази ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд.

 

Апрель 6, 2020 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн