ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар сурати истифодаи самарноки замин аз он чор ҳосил низ рӯёндан мумкин аст

Апрель 20, 2020 11:15

ДУШАНБЕ, 20.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон агар марди деҳқон ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода намояд, аз як замин ду ҳосил не, балки чор ҳосил низ гирифтан мумкин аст. Масалан, баъд аз ҷамъоварӣ намудани ҳосили картошка ва пиёз мо метавонем дар ин замин зироати донагӣ парвариш намоем ва дар қаторҷӯйҳои он кишти офтобпарастро ба роҳ монем. Пас аз ҷамъоварии зироати донагӣ кишоварзон кишти ҷуворимаккаро ба роҳ монда метавонанд, ки ин ҳам барои дон ва ҳам хӯроки чорво зироати муфид аст. Ин нуктаро коршиноси Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Назрулло ТОШАЛИЕВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи ДАВЛАТ баён дошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ки 17 апрел дар шаҳри Душанбе доир гардид, зимни суханронӣ иброз доштанд, ки «мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии мамлакатамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем».

Доктори илмҳои кишоварзӣ Назрулло Тошалиев доир ба истифодаи замин, кишти такрорӣ ва захира намудани маҳсулоти кишоварзӣ мегӯяд, ки «иқлими  ҷумҳурии мо дар фасли тобистон хеле гарм буда, барои парвариши зироати равғанидиҳанда, аз қабили зағир, пунбадона, маҳсар, офтобпараст ва дигар намуди зироат  мувофиқ аст. Яке аз мушкилоте, ки имрӯз ҷой дорад, ин парвариши маҳсулоти равғандиҳанда мебошад. Агар мо парвариш ва коркарди онро хуб ба роҳ монем, пас ба ворид намудани маҳсулоти мавриди ниёзи аввал- равған аз хориҷи мамлакат эҳтиёҷ намемонад. Яке аз ин гуна зироат офтобпараст мебошад, ки захираи он низ хеле осебпазир мебошад».

Номбурда иброз намуд, ки офтобпараст-зироати пурқимати равғандор буда, асосан барои дони серравғанаш парвариш карда мешавад. Вобаста ба навъҳо, шароити иқлимию хок ва парвариши он дар таркиби донаш аз 45 то 52 % ва дар таркиби мағзи донаш 70 % равғани баландсифати нимхушкшаванда мавҷуд аст. Инчунин равғани офтобпараст дар соҳаи озуқаворӣ, истеҳсоли маргарин, саноати консервабарорӣ, рангу лак ва собунпазӣ истифода мешавад.

Дар Тоҷикистон офтобпараст ҳамчун зироати такрорӣ баъд аз ҷамъоварии зироати ғалладонагӣ васеъ истифода бурда мешавад. Дар заминҳои лалмии бо бориш таъминбуда аз ҳар гектар 10-12 сентнер ҳосили дон гирифтан мумкин аст. Имрӯз навъҳои «Старт», «Юбилей-60», «Енисей», дурагаи «ПГЗИ», «ВНИИМК 8883», «Восход», «Первенск», дурагаҳои «Почин» ва «Успех», ки аз рӯи равғаннокӣ ва ҳосилашон ҷавобгӯи талаботи стандарти ягонаи ҷаҳонӣ мебошанд, парвариш мегарданд.

Офтобпарастро дар бештари ноҳияҳои мамлакат баробари дигар зироати донагӣ ва дар байни қатори зироат низ парвариш мекунанд.

Ба тавсияи кишоварзон, тирамоҳ пеш аз шудгор барои парвариши офтобпараст дар заминҳои лалмӣ 50-60 кг калий ва пеш аз нармкунии пеш аз кишт 35-40 кг\га нитроген пошида мешавад ва хокистар низ тавсия мегардад. Ба хотири пешгирии касалиҳои пӯсиши сафед ва хокистарранг ва мағорзании тухмиҳо пеш аз кишт тухмиҳо заҳролуд карда мешаванд. Дар водию ноҳияҳои наздикӯҳӣ кишти он пеш аз зимистон ё дар зимистон гузаронда мешавад. Он аввали баҳор аз намии хок самаранок истифода бурда, 25-30 рӯз пеш нисбат ба киштҳои баҳорӣ нашъунамо карда, самараи хуб медиҳад.

Назрулло Тошалиев иброз медорад, ки дар давраи нашъунамои офтобпараст киштзорро ду маротиба нарм ва хишова кардан лозим аст. Дар давраи 1-2-барга шудани растаниҳо ба ягонакунӣ сар мекунанд. Ягонакунӣ бо гузаронидани нармкунӣ дар чуқурии 10-12 см самараи хуб медиҳад. Барои дон дар заминҳои обӣ зичии ниҳолҳо  50-60 ҳазор растанӣ дар як гектар ва дар заминҳои лалмӣ бояд аз 40-45 ҳазор кам набошад.

Офтобпараст растании ба хушкӣ тобовар, гармӣ ва рӯшноидӯсти кӯтоҳрӯз мебошад. Норасоии рӯшноӣ ба офтобпараст таъсири бад расонида, сабаби он мегардад, ки сабадчаҳо хурд ва ҳосилашон паст мешавад.

Офтобпараст, ки назар ба дигар зироати хӯроки чорво баргу пояи зиёд дорад, ба моддаҳои ғизоӣ серталаб аст. Дар давраи пайдоиши сабадча, то пурра гулкунӣ талаботи растаниҳо ба нитроген меафзояд. Барои як сентнер тухмӣ додан (дар якҷоягӣ бо баргу поя) офтобпараст бояд аз хок 5 кг нитроген, 2,6 кг фосфор ва миқдори 18,5 кг калийро ҷаббида гирад.

Вобаста ба тезпазии навъҳо ва шароити парвариш давраи пурраи нашъунамои офтобпараст барои тухмӣ дар киштаҳои баҳорӣ 100-140 рӯз ва барои силос дар давраи гулкунии сабадчаҳо 80-100 рӯз тӯл мекашад.

Табибон ҷиҳати шифобахши офтобпарастро чунин тавсия медиҳанд, ки агар онро кӯфта гузошта банданд, варамҳоро мегардонад ва агар бихӯранд, моддаҳои ғафси баданро пароканда ва нест месозад. Инчунин мағзи сарро аз моддаҳои бегона ва зарарнок эмин нигоҳ медорад,  барои асабҳо доруи хубест, дарди дандонро таскин медиҳад, дарди дилро шифо мебахшад, пушти камарро қавӣ мегардонад.

Агар оби решаи онро дар даҳан гардонанд, дарди дандонро, ки сабабаш аз хунукӣ бошад, шифо мебахшад. Аз ин об 3,5 грамм бинӯшанд, дили одамони хунукмизочро  қавӣ мегардонад, вале агар инро одамони гарммизоҷ бинӯшанд, ғазаби онҳоро ба ҷӯш меоварад.

Апрель 20, 2020 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид
Ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
Дар «Фестивал-намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» дастовардҳои соҳаи чорводорӣ муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Тоҷикистон ва Малайзия таъсиси платформаҳои муштаракро барои содирот ва воридот баррасӣ намуданд
Нишасти маҷозии Гурӯҳи кории иқтисодии C5+1 баргузор гардид
Ширкати Чин дар вилояти Хатлон аз партовҳои сахти коммуналӣ барқ истеҳсол менамояд