ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Ҳикматулло Назиров: «Ҳавои номусоид ба соҳаи кишоварзӣ бетаъсир намонд, аммо деҳқонон набояд ноумед шаванд, роҳҳои баромадан аз ин хисорот мавҷуданд»
ДУШАНБЕ, 15.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳошиносии мамлакат, давоми моҳи апрел дар мамлакат ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар баъзе ҳолатҳо боронҳои шиддатнок, раъду барқ ва шамол пешгӯӣ мешавад.
Ҳарчанд дар моҳи апрел боридани барф барои мамлакати мо он қадар хос нест, вале табиат қонунҳои худро дорад. Боридани барфи тар, номусоидии ҳаво ва паст фаромадани ҳарорат, ки шаби 8 ба 9-уми апрел дар мамлакат ба амал омад, оё ба заминҳои кишоварзӣ ва боғу токзор зиён расонида, сабаби сармохӯрдагии долу дарахтон нагардид?
Бо ин савол хабарнигори АМИТ «Ховар» ба директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров муроҷиат намуд. Мавсуф иброз намуд, ки боридани борони бошиддат ва барфи тар дар ин давра ба нашъу намои кишти зироат ва авҷи боғу токзор бетаъсир намонд.
«Олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ дар ин рӯзҳо аз ноҳияҳои мамлакат дидан намуданд. Дар пайи мушоҳида маълум гардид, ки боридани барф ва паст шудани ҳарорати ҳаво то 25 фоизи инкишофи дарахтон ва токзорро аз байн бурдааст. Яъне барфи борида бештар ба токзор ва дарахтони мевадиҳандаи донакдор зиёни худро расонид. Навдаҳои аксар дарахтони дигар аз вазнинии барф шикастаанд»,- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфти номбурда, таъсири барф ба кишти зироати кишоварзӣ, аз қабили картошка, зироати донагӣ ва зироати зери плёнка парваришнамудаи марди деҳқон мушоҳида мешавад. Дар ин ҳолат деҳқонон набояд ноумед гарданд, зеро роҳҳои аз ин хисорот баромадан мавҷуданд.
Дар Тоҷикистон охири моҳи март ва аввали моҳи апрел обу ҳаво барои парвариши зироати гуногуни кишоварзӣ хеле мусоид буд. Кишоварзони мамлакат дар ин давра як зумра маҳсулотро кишт ва парвариш намуданд, инчунин дар ин давра бештари дарахтон ва токзор инкишоф ёфтанд.
«Барои баромадан аз чунин вазъият кишоварзон бояд ҷаҳду талош намоянд, то маҳсулоти беҳтар ба даст оранд. Яъне дар боғу токзор навдаҳои сармозадаро буридан лозим аст. Дар ин ҳолат навдаи нав рӯида, барои инкишофи минбаъда замина пайдо мегардад. Инчунин гирди решаи дарахт ва токи ангурро дар рӯзҳои офтобӣ чанд маротиба нарм намоянд, то намии реша кам гардад. Дар баробари нарм намудан аз нуриҳои минералӣ, ки барои инкишофи дарахту ток тавсия гардидааст, истифода намоянд. Дарахтони тухмакдор, аз қабили себ, нок ва биҳӣ ба сармо тобовар мебошанд ва онҳо аз ин барф зиён надидаанд»,- афзуд номбурда.
Ҳикматулло Назиров зикр намуд, ки даҳаи дуюми моҳи май мо бояд тамоми дарахтон ва токзорро бо ғизои ғайрирешавӣ таъмин намоем, яъне маҳлули якфоизаи карбамидро гирифта, ба дарахтону токзор пошем. Иҷро намудани ин амал барои зироати сабзавотӣ низ аз манфиат дур нест.
«Боридани барфи тар ва паст шудани ҳарорати ҳаво ба зироати сабзавотӣ ва картошка, ки дар баъзе ноҳияҳои мамлакат дар давраи гулкунӣ ва инкишоф қарор дорад, зиён расонид. Аз ҷумла картошка, ки яке аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввали истеъмолӣ ба ҳисоб меравад. Олимони соҳаи кишоварзӣ тавсия медиҳанд, ки дар рӯзҳои офтобӣ қаторҳои кишти картошкаро бояд нарм кард, то намнокии реша кам гардад. Дар сурати зиёд будани намнокӣ картошка метавонад пӯсад. Барои кишти зироати донагӣ вақт ҳоло зиёд аст ва метавонем онро дубора кишт намоем. Аз рӯйи маълумоти ба даст омада, дар бештари навоҳии мамлакат кишоварзон маҳсулоти полезиро зери плёнка кишт намудаанд. Барфи борида ба барг ва навдаҳои онҳо низ таъсир расонидааст. Баъзе намудҳои ин растанӣ решаи мустаҳкам дошта, дар ҳолати муътадил гардидани боду ҳаво метавонанд аз нав инкишоф ёбанд»,-мегӯяд Ҳикматулло Назиров. .
Олимони соҳа бар ин назаранд, ки бориши зиёди борон дар хоҷагии қишлоқ ба касалиҳои гуногун ва пайдо шудани ҳашароти зараррасон оварда мерасонад. Инчунин дар соҳаи боғу токпарварӣ касалии обсӯзӣ метавонад ба амал ояд. Дар ин ҳолат аз усули биологӣ ва маводи зидди ҳашарот бояд истифода бурд.
Бориши зиёди борон ба заминҳои лалмӣ фоидаи бештар дорад. Зеро намӣ зиёд шуда, дар натиҷа ба замин миқдори зиёди нитроген ворид мегардад, ки ин ба инкишофи боғу токзор созгор мебошад.








ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






