Ҳукумати Тоҷикистон оид ба бартараф намудани таъсири хавфҳои эҳтимолии пандемияи коронавирус ба иқтисоди миллӣ тадбирҳо меандешад
ДУШАНБЕ, 01.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вақтҳои охир аз ҷониби баъзе таҳлилгарон дар воситаҳои ахбори омма вобаста ба нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолии ҳамагирии коронавируси ҷаҳон ба иқтисоди миллӣ, бахусус дар самтҳои дастгирии соҳибкорон ва қишри осебпазири ҷомеа маълумоти носаҳеҳ пешниҳод мегардад. Бояд хотиррасон намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи аввали сар задани ҳамагирии коронавирус дар ҷаҳон вобаста ба пешгирии воридшавии ин вирус ба мамлакат, таъмини бехатарии аҳолӣ ва кам кардани таъсири эҳтимолии иҷтимоию иқтисодии он мунтазам тадбирҳои фаврии судманд андешида истодааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Махсусан ҷиҳати мунтазам баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба пешгирии воридшавии пандемияи коронавирус, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо дар ин самт тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд.
Дар баробари ин дар ҳамаи вазорату идораҳои ҷумҳурӣ низ ситодҳои махсус вобаста ба тақвияти корҳои пешгирикунанда таъсис дода шуда, фаъолият намуда истодаанд.
Инчунин аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва кам кардани таъсири хавфҳои эҳтимолии берунӣ ба иқтисоди миллӣ иборат аз як зумра тадбирҳои зарурӣ сари вақт қабул гардида, мавриди амал қарор дорад.
Дар Нақшаи чорабиниҳои номбурда диққати махсус ба таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, равған, гӯшт, шакар, тухм, сабзавот, зиёд намудани истеҳсолу захираи онҳо ва пешгирии болоравии нархҳо, таъмини иҷрои саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, дастгирии қишри осебпазири ҷомеа, пешбинӣ намудани сабукиҳои андозӣ ба соҳибкорони хурду миёна, мавқуф гузоштани санҷишҳои ғайриандозӣ ва ҷалби кумакҳои молиявӣ аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ дода шудааст.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои мазкур бо мақсади дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор оид ба пешниҳоди сабукиҳои андозӣ ва таътили андозӣ ба соҳибкорони хурду миёнаи осебпазир таҳия гардида истодааст. Инчунин санҷишҳои ғайриандозии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ба маротиб кам карда мешаванд.
Дар баробари ин 22 марти соли равон нақшаи чорабиниҳои ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад.
Вазъи иқтисодии мамлакат бо назардошти таъсири эҳтимолии омилҳои беруна пайваста бо сенарияҳои гуногун баҳодиҳӣ карда шуда, ҷиҳати кам кардани таъсири омилҳои манфӣ ва таъмини рушди устувори макроиқтисодӣ тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд, вале бо назардошти хусусияти хизматӣ доштани онҳо дар воситаҳои ахбори омма нашр намегарданд.
Айни замон новобаста аз он ки ҷиҳати пешгирии паҳншавии пандемияи коронавирус рафту омади шаҳрвандон байни давлатҳо, аз ҷумла байни кишварҳои Осиёи Марказӣ муваққатан қатъ шудааст, аммо тибқи созишномаҳои дуҷониба байни давлатҳо гардиши молу маҳсулот, бахусус маҳсулоти озуқаворӣ бемамониат сурат гирифта истодааст.
Ҳамзамон 23 марти соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо роҳбарони як зумра вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсоли орд, равған ва таҳвилкунандагони маҳсулоти ғаллагӣ машварати корӣ доир намуда, ба масъулин супориш доданд, ки масъалаи истеҳсол ва захираи ордро зери назорати доимӣ қарор дода, истеҳсолу захираи маҳсулоти хӯрокиро зиёд ва бозори истеъмолии ватаниро бо маҳсулот таъмин намоянд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъи кунунӣ бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд оид ба ҷалби ҳарчи бештари маблағҳои грантӣ пайваста гуфтушунид менамояд ва маблағҳои ҷалбгардида барои дастгирии соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ, соҳибкорони ватанӣ ва таъмини саривақтии уҳдадориҳои иҷтимоии давлат равона мегарданд.
Ҳукумати мамлакат минбаъд низ барои дастгирии бахши хусусӣ, таъмини рақобатпазирии онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкории истеҳсолӣ, бахусус дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода мебарад.








Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ соли 2025 ба 50 миллиард сомонӣ баробар гардид
Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030 таҳия мегардад
Сарвари давлат: «Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 173 миллиард сомонӣ расид»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба истифода дода шуд»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2027 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор дароварда мешавад»
Дар даҳ соли охир ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон беш аз 670 миллиард сомонӣ равона гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» таҳия карда шавад»
Масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон раванди татбиқи низоми рамзгузории электронии гурӯҳҳои муайяни молҳо амалӣ мегардад
Лоиҳаи сохтмони роҳу пулҳо дар Бадахшон барандаи ҷоизаи байналмилалии FIDIC Contract Users’ Awards-2025 гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми киберҳуқуқии Осиёи Марказӣ–2025 иштирок намуд






