Варзишгарони дастаи «Динамо»-и ВКД дар мусобиқаи гӯштини самбо мақомҳои назаррасро соҳиб шуданд

Апрель 8, 2020 15:50

ДУШАНБЕ, 08.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини самбо байни ҷавонони солҳои таваллуди 2000-2002, ки 4-5 апрел дар толори Маҷмааи варзишии ноҳияи Рашт доир гардид, самбочиёни дастаи яккачини «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ ширкат варзида, ғолибият ба даст оварданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Паҳлавонони ояндадор Алишер Расулов дар вазни 52 кило, Ҷаҳонгир Камолов дар вазни 57 кило, Шаҳбоз Саидаброров дар вазни 62 кило, Бузург Исоев дар вазни 67 кило ва Давлатҷон Назриев дар вазни беш аз 100 кило мақомҳои аввали чемпионатро ба даст оварда, Фирӯз Фатоев дар вазни 57 кило, Фирдавс Раҳматуллоев дар вазни 62 кило, Абдураҳим Имомқулов дар вазни 100 кило ҷойҳои дуюмро ишғол намуданд. Ҳамчунин Одинабои Ҳукумалӣ дар вазни 48 кило ва Билол Нусратов дар вазни 82 кило ҷойҳои сеюмро соҳиб шуданд.

Мусобиқаи мазкур ба хотири гиромидошти чемпиони ИҶШС оид ба гӯштини самбо Афзалшо Олимов баргузор гардида, дар он беш аз 200 нафар варзишгар аз тамоми минтақаҳои мамлакат ширкат доштанд.

Бояд зикр намуд, ки мактаби гӯштини самбои Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» сол то сол рушд ёфта, дар он мураббиёни таҷрибадор, аз ҷумла Дилшод Бобоев, Зариф Назриев, Садриддин Обидов, Бобоҷон Маҳмадрасулов зери роҳбарии сармураббӣ Хайрулло Назриев ба гӯштингирони ҷавону наврас тамрин медиҳанд.

Апрель 8, 2020 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад