Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: То имрӯз дар ҷумҳурӣ 1836 нафар дар карантин қарор доранд

Апрель 13, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 13.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 феврал то 13 апрел  7 ҳазору 7560 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тандурустӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз шумораи  зикршуда то 13 апрел 5 ҳазору 724 нафар  ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, айни ҳол 1836 нафари онҳо  зери назорати  карантинӣ  қарор доранд. Ҳамзамон аз оғоз то имрӯз 326 нафар шаҳрвандони хориҷӣ низ ба карантин фаро гирифта шудаанд, ки айни замон 5 нафари онҳо  дар карантин қарор доранд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.  

Дар Тоҷикистон то имрӯз сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Вале ба ин нигоҳ накарда, масъулини соҳаҳои дахлдор чораҳои пешгирикунандаи вуруди ин вирусро ба мамлакат пурзӯр менамоянд.

Дар робита ба ин Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» ба реҷаи фаъолияти омодагии сатҳи баланд гузаронида шуда, ҳамчун яке аз муассисаҳои муваққатӣ барои қабули гумонбарон ба сирояти коронавируси COVID-19 муайян карда шудааст ва дар ҳолати зарурӣ гумонбарон дар он ҷой карда мешаванд. Инчунин  беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе бо тамоми иқтидор ва Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» барои ҷойгир намудани гумонбарони сирояти коронавирус омода карда шудаанд.

Азбаски вақтҳои охир дар муассисаҳои карантинии мамлакат фавти беморон бо ин ё он беморӣ ба қайд гирифта мешавад, мутаассифона, як гурӯҳ ҳангомаҷӯён марги  онҳоро ба сирояти коронавирус мансуб медиҳанд.

Айни замон мавсими баҳор буда, ҳар гуна бемориҳо хурӯҷ  мекунанд. Аз ҷумла, бемории зуком ва бемориҳои музмин дар ин мавсим авҷ гирифта, сабаби оризаҳои гуногун ва фавт шуда метавонанд.  Бинобар ин, дар ин лаҳзаҳои ҳассос марги ҳар инсонро ба сирояти коронавирус алоқаманд намудани як идда ҳангомаҷӯён аз рӯйи адолат нахоҳад буд. Сабаби марги ҳар инсонро танҳо духтур муайян карда метавонад. Аз ин рӯ, аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меорем, ки дар ин масъалаи нозук эҳтиёткор бошанд ва ба ҳар гуна хабарҳои бардурӯғ бовар нанамоянд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, 11 апрели соли равон сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов Ҳоҷимуҳаммад Тошев, ки дар карантин дар Беморхонаи минтақавии «Ўзбекқишлоқ» қарор дошт, бо ташхиси «Бемории ишемиявии дил, Фишорбаландии дараҷаи 2, хатари 4» фавтид.

Ҳамзамон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шоми  12 апрел, соати 21:30  корманди Беморхонаи марказии вилоятии ба номи Б.Воҳидови шаҳри Бохтар Оишамоҳ Алимова, соли таваллудаш 1962, бо ташхиси сили иртишоҳии (инфильтративный туберкулёз) қисми мобайнии ҳарду шушҳо, гипертерофияи меъдачаи чапи дил, атеросклерози шоҳраг фавтид. Номбурда дар беморхонаи мазкур, ки дар он ҷо шаҳрвандони аз хориҷи мамлакат ба Тоҷикистон  воридшуда дар карантин қарор доранд, фаъолият менамуд.

Аз ин рӯ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал меоварад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои беасоси сироятёбии шаҳрвандон аз коронавируси нав бовар накарда,  танҳо ба маълумоти мақомоти расмӣ, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон такя намоянд.

Инчунин шаҳрвандони мамлакат метавонанд зимни пайдо гардидани суол ва дастрасии тавсияҳо нисбат ба сирояти коронавируси намуди нав тавассути телефони 511, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври шабонарўзӣ фаъолият менамояд, муроҷиат намоянд.

Дар ҳолати ба қайд гирифтани сирояти коронавирус дар мамлакат Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман онро тасдиқ ва эълон хоҳад кард,  зеро ба ҳеҷ ваҷҳ пинҳон нигоҳ доштани ин сироят ба нафъи ягон давлат нахоҳад буд.

Апрель 13, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»