Вебинар дар Кумитаи андоз: тартиби таҳия ва пешниҳоди эъломия дар шакли содакардашудаи андозбандӣ баррасӣ гардид

Апрель 4, 2020 09:42

ДУШАНБЕ, 04.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   3 апрел бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр сохтани чорабиниҳои зиддиэпидемиявӣ оид ба пешгирии паҳншавӣ ва  пайдоиши сирояти коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 марти соли 2020 вебинар (семинар-ҷаласаи онлайнӣ) баргузор намуд.

Вебинар ба мавзӯи «Тартиби таҳия ва пешниҳоди эъломия дар шакли содакардашудаи андозбандӣ» бахшида шуда, дар он  ба шакли маҷозӣ 200 нафар андозсупоранда ширкат намуданд.

Дар ҷараёни вебинар мутахассисони Кумитаи андоз оид ба ворид сохтани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 2 январи соли 2020 оид ба таҳия намудан ва пешниҳод кардани эъломияҳои андоз дар шакли содакардашудаи андозситонӣ, қисми техникии пур кардани  эъломия, ҳамчунин  ба  андозсупорандагон  саволҳо ва пешниҳодҳо  оид ба тағйирот  ба модели эъломияҳои электронӣ  барои низоми содакардашуда пешниҳод шуданд.

Апрель 4, 2020 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд