Воридоти зиёда аз 98 тонна хурмои хушк ва 50 тонна маҳсулоти ғизоии пастсифат ба бозорҳо пешгирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Воридоти зиёда аз 98 тонна хурмои хушк ва 50 тонна маҳсулоти ғизоии пастсифат ба бозорҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо («Тоҷикстандарт») пешгирӣ шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар Агентии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз доштанд, ки бо истифода аз фурсати фарорасии моҳи Рамазон баъзе соҳибкорони бемасъулият бо мақсади ба даст овардани даромади муфт фоидаи худро аз манфиати ҷомеа боло дониста, бо ҳар роҳу восита ба бозори истеъмолӣ маҳсулоти пастсифату ба саломатӣ хатарнок ворид менамоянд.
«Ҷиҳати пешгирӣ намудани воридоти маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ хатарнок риояи талаботи ҳатмии ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ – регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати ҷиддӣ қарор дода шуда, дар ин самт мунтазам аз ҷониби мутахассисони Агентӣ бо воридкунандагон ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти хўрокворӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда мешаванд. Бо вуҷуди ин ҳоло ҳам аз тарафи соҳибкорон ҳолатҳои ворид намудани маҳсулоти пастсифати ғизоӣ ба қайд гирифта мешаванд.
Аз ҷумла, соҳибкор тавассути дидбонгоҳи гумрукии Панҷи Поён 98 950 кг хурмои хушк, 25 000 кг қайлаи помидор, 19 600 кг карамел ва 7000 кг хамиртуруш ворид намуда, ба Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Хатлон барои гузаронидани корҳои сертификаткунонӣ дархост ворид шудааст», — тазаккур доданд дар «Тоҷикстандарт».
Дар раванди гузаронидани ташхиси намунаи маҳсулоти мазкур, ки тибқи санад ба озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯроквории Агентӣ пешниҳод гардида буд, муайян карда шуд, ки намунаи хурмои хушк бо сабаби муҳлати истеъмолиаш гузаштан ба талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» ва намунаи қайлаи помидор, карамел ва хамиртуруш ба талаботи Регламенти техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Тамғагузории маҳсулоти хӯрокворӣ» мутобиқ нестанд ва ба маҳсулоти мазкур сертификати мутобиқат дода нашуд. Бо назардошти ин, маҳсулоти мазкур тибқи низоми «Реэкспорт» аз қаламрави ҷумҳурӣ берун бароварда шуд.
«Аз истеъмолкунандагон хоҳиш менамоем, ки дар вақти харидории ҳама гуна маҳсулот аз фурӯшанда сертификати мутобиқати маҳсулотро талаб намоянд ва дар ҳолати мавҷуд набудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат ва бехатарӣ он маҳсулот шубҳанок дониста мешавад. Дар ин ҳолат ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла ба Агентии «Тоҷикстандарт» муроҷиат намоянд»,-изҳор доштанд масъулини «Тоҷикстандарт».
Акс аз бойгонӣ








Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд






