БОРОНҲОИ ШИДДАТНОК, ЭҲТИМОЛИ ОМАДАНИ СЕЛ… Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳушдор медиҳад!
ДУШАНБЕ, 12.04.2020/АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои 12-14 апрел дар аксари манотиқи Тоҷикистон боронҳои пуршиддат пешбинӣ шудаанд. Бахусус рӯзҳои 13-14 апрел ҳавои абрнок ба боронҳои шиддатнок табдил мешавад ва дар баъзе манотиқи кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳии ноҳияҳои тобеъи марказ (Варзоб, Сангвор, Рашт, Нуробод ва Файзобод), вилояти Хатлон (ноҳияҳои Восеъ, Хуросон, Ховалинг, Муминобод, Ш.Шоҳин ва шаҳри Кўлоб) ва минтақаҳои доманакӯҳии вилояти Суғд (Истаравшан ва Панҷикент) эҳимоли омадани сел мавҷуд аст.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи нграждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (КҲФ ва МГ) бо истинод ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар доданд.
Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносӣ, дар рӯдхонаҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, аз ҷумла дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ), шохобҳои дарёи Вахш эҳтимол сатҳи об боло равад ва дар баъзе минтақаҳо об аз соҳилҳо берун шуда, ба сӯи заминҳои кишт ва манзили сокинон равона гардад.
Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз кулли сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш намудааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафарҳои безарурат аз тариқи роҳҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд.
«Рафтан ба саҳро барои анҷом додани корҳои кишоварзӣ, молчаронӣ ва рафтан ба доманакӯҳҳо барои ғунучини ҳезум ё гиёҳҳои шифобахш хатар дорад, — изҳор намуданд дар КҲФ ва МГ.- Биноан бо эҳтиром аз ҳамаи ронандагоне, ки сафари дур доранд, хоҳиш мекунем дар ҳавои боронӣ, ки маъмулан муҳитро тира мекунад, суръати ҳаракатро боло набаранд ва ҷони худу ҳамсафарони худро дар хатар нагузоранд».








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






