ХАБАРИ ФАВРӢ! Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 1322 нафар расид
ДУШАНБЕ, 16.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати соати 17:30-и 16 май дар Тоҷикистон 204 ҳолати нави сиротяёбӣ ва 3 мавриди фавти беморони гирифтори COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шумораи онҳо мутаносибан ба 1322 ва 36 нафар расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»