ПАНДЕМИЯИ COVID-19 . Музди меҳнат ва иловапулиҳои кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар давраи муваққатан боз доштани раванди таълим пардохт карда мешавад

Май 16, 2020 14:37

ДУШАНБЕ, 16.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Музди меҳнат ва иловапулиҳои кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар давраи муваққатан  боз доштани раванди таълим аз ҷойи кори асосӣ пардохт карда мешавад. Дар ин бора 13 май фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо мақсади амалӣ намудани дастурҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавируси COVID-19  ба тасвиб расидааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти вазорати мазкур.

Вазири маориф фармоиш додааст, ки раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ аз 27 апрели соли 2020 бо назардошти ҳолати баамаломада муваққатан боз дошта шавад.

«Музди меҳнат ва иловапулиҳои кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ дар давраи муваққатан  боз доштани раванди таълим аз ҷойи кори асоси пардохт карда шавад», — омадааст дар фармоиш.

Ҳамчунин мутобиқи ин фармоиш, рухсатии меҳнатии навбатии омӯзгорон ва дигар корманони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ тибқи тартиби зайл амалӣ карда мешавад:

  • Кормандони омӯзгории муассисаҳои таълимии томактабӣ, омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва омӯзгороне, ки дар аттестатсияи хатм иштирок намекунанд, аз 15 майи соли 2020 ба рухсатии меҳнатии навбатӣ фиристода мешаванд.
  • Омӯзгороне, ки дар аттестатсияи хатми синфҳои 9 ва 11 вобаста мебошанд, тибқи муқаррарот ба рухсатии навбатӣ фиристода мешаванд.
  • Кормандони маъмурӣ ва дигар кормандони хурди техникӣ мувофиқи тартиби ҷадвали рухсатиҳои меҳнатии тасдиқшудаи муассисаи таълимӣ ба рухсатии меҳнатии навбатӣ фиристода мешаванд.

Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Муҳаммадюсуф Имомзода назорати иҷрои фармоиши мазкурро ба зиммаи муовинонаш Латофат Назирӣ ва Нуралӣ Собирзода вогузор кардааст.

Май 16, 2020 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид