ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Дарвоз бунёди корхонаи тавлиди хокаи мармар ва Парки инноватсионӣ оғоз ёфт

Май 28, 2020 14:48

ХОРУҒ, 28.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони корхонаи тавлиди хокаи санги мармар ва Парки инноватсионӣ оғоз гардид.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад, раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода изҳор дошт, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатисозии босуръати мамлакатро дар  Паёми навбатӣ ба Парлумони мамлакат ҳадафи чоруми стратегии миллӣ эълон карданд. Расидан ба ин ҳадаф метавонад рушди иҷтимоию иқтисодии давлатамонро боз ҳам устувортар ва масъалаи бо ҷои кор таъмин кардани аҳолиро ҳал намояд».

Ин даъвати Пешвои миллатро соҳибкорони ноҳияи Дарвоз низ хуш қабул карда, ҳоло ба таҳияи лоиҳаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар машғуланд. Онҳо татбиқи ду лоиҳа- яке корхонаи истеҳсоли хокаи санги мармар ва дигаре Парки инноватсиониро оғоз намуданд, ки умед аст сари вақт ва бо сифати баланд ба истифода дода шаванд.

Корхонаи истеҳсоли хокаи санги мармар  дар доманаи кўҳҳои сарбаланди кони мармари деҳаи Вишхарви ноҳияи мазкур сохта шуда, пас аз анҷоми сохтмон истеҳсоли  садҳо номгӯй маҳсулоти сохтмонӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ васеъ ба роҳ монда мешавад. Айни ҳол корҳо дар таҳкурсии корхонаи саноатӣ бомаром идома доранд. Азму талоши соҳибкорон ба он равона шудааст, ки  корхонаи  замонавиро дар рўзҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, истеҳсоли маҳсулоти  воридотивазкунандаро дар ин корхона васеъ ба роҳ монанд.

Корхонаи дигаре, ки дар корҳои сохтмонӣ  бо ҷўшу хурўш ҷараён доранд, ин  Парки инноватсионии Дарвоз дар мавзеи Дуробаки Ҷамоати деҳоти Нулванди ин ноҳия мебошад.

Он яке аз иншооти  калонтарин ба шарафи ҷашни миллӣ шумурда шуда, аз чор коргоҳи истеҳсолӣ бо хатҳои нави технологии пешрафтаи давлатҳои ҷаҳонӣ иборат аст. Аз тарҳи лоиҳаи    корхона бармеояд, ки соҳибкорон бо усули муосир ва дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи  давлатҳои қораи Аврупо  онро таъмин мекунанд. Дар  коргоҳ аввал истеҳсол ва коркарди асали манотиқи кӯҳистон   дар зарфҳои мухталифи зебо, бо бренди хос ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ тавлид мегардад.  Дар ноҳияи Дарвоз соҳаи занбӯрпарварӣ чанд соли охир хеле рушд карда, садҳо нафар соҳибкорони инфродӣ солҳо боз мунтазири чунин корхона буданд. Барои таъмини корхона бо асали аз ҷиҳати экологӣ тоза имконияти васеъ мавҷуд аст ва занбўрпарварони ноҳия минбаъд метавонанд ба ин корхона пайваста  маҳсулоти хому хушсифат пешниҳод намоянд.

Дар коргоҳи дуюми Парки инноватсионӣ истеҳсоли ниқобу дастпўшак, либосу айнакҳои махсуси  муҳофизатӣ барои табибон истеҳсол карда мешавад, ки минбаъд метавонад муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят ва ҷумҳуриро бо чунин лавозимоти зарурии тиббӣ  таъмин намояд.

Коргоҳи сеюми ин корхона, ки сохтмони он низ бо маром идома дорад,  ба тавлиди маҳлулҳои мухталифи антисептикӣ ва дигар маҳсулоти тиббӣ нигаронида шудааст. Мутобиқи лоиҳа, ба корхона  навтарин таҷҳизоти технологии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва васлу насб  мегардад.

Коргоҳи чоруми корхона аз ду гармхонаи калонҳаҷм, ки дарозиашон 48 метр аст, иборат буда, ба парвариши бодирингу помидор бо усули ҳозиразамон машғул мешавад ва қарор аст,  ки дар чаҳор  фасли сол сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо сабзавоти тару тоза таъмин намояд. Ҳоло корҳои сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 50 нафар меъморону мутахассисон аз ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва  Ишкошим идома дошта, коргарон бо истифода аз ҳавои мусоид шабонарўзӣ ба арматурабандию бетонрезӣ машғул мебошанд. Корхонаи  саноатӣ  дар 1,5 гектар замини бекорхобида ва пур аз сангу шағал   бунёд гардида, корҳои сохтмонӣ 6 майи имсол бо ҷалби 12 техникаи пуриқтидор оғоз гардиданд.  Ҷаҳду талошҳои бинокорони Корхонаи инноватсионии Дарвоз бар он равона гардидааст, ки то 15  августи соли 2020 иншооти ҷашниро бо риояи  меъёрҳои мусоири сохтмонӣ ба анҷом расонанд.

Баъди мавриди  истифода қарор гирифтани чор коргоҳи истеҳсолӣ ва ду гармхонаи калонҳаҷми Парки инноватсионии Дарвоз имкон фароҳам меояд, ки садҳо нафар сокинони маҳаллӣ  бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб  таъмин гарданд.

Май 28, 2020 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад