АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 14 май дар Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 14.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 май дар ҷумҳурӣ эҳтимоли якбора ноустувор гардидани вазъи ҳаво дар назар буда, дар бештари ноҳияҳо борон, дар ноҳияҳои алоҳида, ба истисно аз шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бориши боронҳои сел пешгӯӣ шудааст. Инчунин дар ин рӯз раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
14 май ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 6-8 дараҷа паст шуда, шамол бо шиддати 13-18 метр дар як сония мевазад. Инчунин дар ин рӯз дар дарёҳои ҷумҳурӣ якбора сатҳи об баланд шуда, дар минтақаҳои кўҳӣ ва доманакўҳии вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ба вуҷуд омадани сел дар назар аст.
Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон даъват менамояд, ки дар рӯзҳои боронӣ аз саёҳат дар кӯҳҳо худдорӣ карда, чорвои худро ба чарогоҳҳо набаранд.
Инчунин бо мақсади пешгирии садамаҳо дар роҳҳои кӯҳӣ ва гузаргоҳҳо аз ронандагон даъват карда мешавад, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя карда, ҳаракати шабонаро маҳдуд кунанд.
Дар сурати рух додани ҳолатҳои хавфнок, шаҳрвандон метавонанд ба рақамҳои 112 ва ё 223 13 11 занг зананд.








Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид






