Ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти COVID-19 дар Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. 21 май таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат, раиси ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии ситод бо иштироки аъзои он, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва сохторҳои марбутаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сараввал Сарвазири мамлакат ёдовар шуд, ки таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини сар задани пандемияи ҷаҳонӣ корҳои омодагиву пешгириро дар саросари кишвар барои муолиҷаи беморон ва ҳифзи солимии аҳолӣ амалӣ карда истодааст. Аз ҷумла, дар кӯтоҳтарин фурсат ифтитоҳ намудани беморхонаҳои муваққатӣ барои қабули беморон аз зумраи чунин тадбирҳо мебошад. Айни ҳол дар шаҳри Душанбе беш аз 30 беморхонаҳо бо 5 ҳазору 284 кат ва беш аз 5 ҳазору 390 табиб ва корманди тиббӣ ба беморони гирифтори коронавирус хизмат мерасонанд.
Дар интиҳои ҷаласа ҷиҳати боз ҳам пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар ҷумҳурӣ ба масъулини вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Аз ҷумла, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки сатҳу сифати хизматрасониро дар муассисаҳои тиббӣ беҳтар карда, дар замина ба таври мунтазам ба ситоди ҷумҳуриявӣ таклифҳои мушаххас пешниҳод намояд. Вазоратро зурур аст, ки масъалаи таъмин кардани доруворӣ, либоси муҳофизатӣ ва маводи зиддивирусиро низ дар кишвар муайян карда, рӯйхати онҳоро мунтазам ба ситоди ҷумҳуриявӣ ирсол дорад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки вазорати мазкур лоиҳаи барномаи давлатии рушди саноати дорусозиро ҳарчи тезтар таҳия карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор шуд, ки якҷо бо мутахассисони соҳавӣ ҷиҳати дар ҳаҷми зиёд ба роҳ мондани истеҳсоли доруҳои аз гиёҳҳои шифобахш омодашаванда, ниқоб ва либоси безараргардониву санитарӣ тадбирҳои мушаххас андешад. Ҳамзамон, вазорат механизми таъсиси корхонаҳои хурди давлатиро оид ба истеҳсол ва таъмин кардани беморхонаву марказҳои тиббӣ бо оксигени тоза омӯхта, ба ситоди ҷумҳуриявӣ таклифи мушаххас манзур намояд.
Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ супориш дода шуд, ки якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва роҳбарони гурӯҳҳои корӣ, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд, ҷиҳати ба роҳ мондани сохтмони беморхонаи касалиҳои сироятӣ муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти тиббӣ дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ чораҷӯӣ намоянд.
АКСҲО аз бойгонӣ








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






