Ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ масъалаҳои муҳимро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2020. /АМИТ Ховар/. Мақсади мулоқоти дирӯзаи Пешвои миллат бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ-ин баррасии воқеии вазъи ҷорист, ки кормандони соҳаи тандурустӣ дар бартарафсозии он нақши асосӣ доранд. Инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳо барои давраи наздиктарин ва марҳалаҳои минбаъда мебошад.
Ин нуктаро имрӯз зимни ҷаласаи навбатии ситоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои коронавирус Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода баён дошт. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷаласаи мазкур муовинони вазир Саида Умарзода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.
Ҷамолиддин Абдуллозода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 20 майи соли равон зимни вохӯрӣ бо роҳбарону кормандони соҳаи тандурустӣ ироа гардиданд, ҷалб намуд.
Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои назорати қатъии гирифторони бемории КОВИД-19, ки ҳолаташон сабук буда, зери назорати табибон дар хона табобат мегиранд, таҳлили фавти шаҳрвандон аз бемориҳои гуногун, таъмини табибон бо маводи муҳофизатӣ, муносибати кормандони марказҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ бо беморон, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо маводи тиббӣ ва зиддивирусӣ, назорати қатъии тақсимоти маводи доруворӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Вобаста ба иҷрои вазифаҳое, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш бо роҳбарон ва кормандони соҳаи тандурустӣ баён доштанд, аз ҷониби Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






