Ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии Covid-19 дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии муовини Сарвазир сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 08.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар меҳмонхонаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллолода ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус — Covid-19 дар Суғд баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Абдуаҳад Дадабоев.
Ӯ илова намуд, ки дар рафти ҷаласаи ситод аз ҷониби масъулини Раёсатии тандурустии вилоят маълумоти муфассал оид ба қабул, муолиҷа ва вазъи беморон пешниҳод шуд. Иттилоъ дода шуд, ки алҳол тамоми имконият ва иқтидорҳо барои пешгирӣ ва муолиҷаи ин беморӣ сафарбар карда шудаанд. Духтурон бо корҷома ва дигар маводҳои беҳдоштӣ таъмин гардида, дар беморхонаҳо се маҳал хӯроки гарм ташкил шудааст. Тамоми дорухонаҳо бо доруҳои зарурӣ таъмин ва имрӯз аз ҷониби соҳибкорон боз якчанд номгуй дорувориҳо ба ҳудуди вилояти Суғд ворид гардиданд. Дармонгоҳҳо низ шабонарузӣ фаъоланд.
Муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллолода таваҷҷуҳи масъулинро баҳри тақвияти бештари корҳо дар самти мубориза алайҳи паҳншавии бемории каронавирус — Covid-19 дар вилояти Суғд ҷалб намуда, талаб кард, ки ҷиҳати пешниҳоди муаммову мушкилоти ҷойдошта фаъол бошанд ва дар якҷоягӣ барои рафъи он чораҳо андешанд.
Ширин Исматуллозода ба масъулини дахлдор ҷиҳати ҷилавгирӣ аз қиматшавии маводи доруворӣ дастуру супоришҳо дода, ҳамзамон баҳри ворид намудани доруворӣ аз хориҷи кишвар бо ҷалби соҳибкорони дар ин самт фаъол буда, машварат дод.
Таъкид гардид, ки имрӯз 15 ширкати воридкунандаи маводи доруворӣ дар вилоят фаъол буда, аз имтиёзу дастгириҳои доимии Давлату Ҳукумат бархӯрдоранд. Вобаста ба вазъи имрӯза эшон ҷиҳати фаровонсозии маводи доруворӣ ва паст кардани нархи он саҳмгузорӣ намоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






