«ҲАМЕША ИҚБОЛАТ НЕК, РОҲАТ САФЕД ВА УМРАТ ҶОВИДОН БОД, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ!». Кумакҳои Пешвои миллат бо корвони иборат аз 233 мошини пурбор ба вилояти Хатлон расиданд
ДУШАНБЕ, 22.05.2020. /АМИТ Ховар/. 20 май кумакҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корвони иборат аз 233 мошини борбар аз пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фиристода шуданд. Кумакҳои мазкур бо мақсади дастгирию мадади кормандони соҳаи тандурустӣ, тақвияти тадбирҳои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятӣ дар мамлакат ва муолиҷаи саривақтии беморони гирифтори коронавируси COVID-19 расонида шуданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар доираи таваҷҷуҳ ва ғамхории пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ, беморон ва оилаҳои ниёзманди мамлакат ба 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои табибону кормандони дигари соҳаи тандурустӣ ва беморони мубталои коронавирус дар ҳаҷми 1350 тонна хӯрокворӣ, маводи доруворӣ ва лавозимоту таҷҳизоти тиббӣ, аз ҷумла 20 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ба маблағи зиёда аз 8 миллион сомонӣ дастрас карда мешавад.
Барои таъмини тамоми муассисаҳои тандурустӣ ва дигар муассисаҳои таъйиноти тиббии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат ба маблағи умумии 5 миллион сомонӣ зиёда аз 120 намуди доруворию лавозимоти зарурии тиббӣ, аз ҷумла либос ва айнакҳои муҳофизатии тиббӣ, ниқоб, дастпӯшак, маводи безараргардонию беҳдоштӣ, воситаҳои техникии тиббӣ фиристода шуданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар маросими пешвози корвони кумакҳои Пешвои миллат дар шаҳри Бохтар миннатдории тамоми сокинони вилоят, аз ҷумла табибон ва ҳамаи онҳоеро, ки бо бемории сироятии коронавирус дар муборизаанд, ба Сарвари давлат расонид.
— Мехоҳам ба Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳамеша дар фикри беҳбудии халқ буда, ба беморхонаҳо, табибон ва беморон кумакҳои пайваста мерасонанд, инчунин ба соҳибкорони бонангу номусе, ки дар пайравӣ аз иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои миллат кумакҳои ғизоӣ ва маводи доруворию лавозимоти тиббиро ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастрас менамоянд, самимона арзи сипос намоям, — зикр кард Қ. Ҳакимзода. – Мардуми вилояти Хатлон аз таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагии Пешвои миллат бархӯрдор буда, сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.
Илова ба кумакҳои хӯрокворӣ ва доруворию лавозимоти тиббӣ ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кумак ба мардуми аз офати табиӣ зарардида 3700 дона бомпӯш (шифер), 750 куб тахта, 78 тонна арматура ва 180 тонна семент фиристоданд.
Дар маҷмӯъ, 33 мошини пурбори кумаки ғизоӣ, маҳсулоти сохтмонӣ ва лавозимоти тиббӣ аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зарардидагони офати табиӣ ва табибону беморони ноҳияи Хуросон дастрас гардид. 16 тонна картошка, 16 тонна пиёз, 16 тонна сабзӣ, 13 тонна орд, 9 тонна биринҷ, инчунин чортоннаӣ равған, макарон, сетоннаӣ гречка ва перловка ва дигар анвои маҳсулоти ғизоӣ, ҷамъ 84 тонна (42 тонна барои хонаводаҳои осебдида ва 42 тонна барои табибону беморон) пешбинӣ шудааст.
Аз шумораи умумии мошинҳои корвони кумакҳои Сарвари давлат, ки ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фиристода шуданд, дар 26 мошин хӯрокворӣ, доруворӣ, лавозимот ва таҷҳизоти тиббӣ, инчунин 10 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ба шаҳри Кӯлоб дастрас карда шуд.
Дар маҷмӯъ, кумакҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат далели таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба солимии ҷомеа буда, аҳолии Тоҷикистон, хусусан табибону беморонро ба ояндаи неки зиндагӣ дилгарм месозад.
Бо мақсади ба таври шаффоф, мақсаднок ва суроғавӣ дастрас намудани маводи доруворӣ ва молу маҳсулоти хӯрокворӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби аъзои Ҳукумати мамлакат, кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус — COVID-19 ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, фаъолияти доимӣ доранд.











Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






