Табибони Чин ба тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар вилояти Хатлон баҳои баланд доданд

Май 27, 2020 16:00

ДУШАНБЕ, 27.05.2020. /АМИТ Ховар/.  Намояндаи ҳайати табибони чинӣ Ҷӣ Венкуй иброз кард, ки мутахассисони чинӣ ба тадбирҳои зиддиэпидемикие, ки дар вилояти Хатлон андешида шудаанд, баҳои баланди касбӣ медиҳанд.

Тавре қаблан хабар додем, ҳайати 14-нафараи мутахассисони соҳаи тиб аз музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин айни замон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон қарор дорад.

Аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳадафи сафар табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар роҳи пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 мебошад.

Зимни мулоқоти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо ҳайати табибони Чин, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ зикр намуд, ки табибони чинӣ таҷрибаи ғании муқобила бо COVID-19-ро доранд ва машварату ҳамкории мутахассисони тоҷик бо онҳо дар амри мубориза алайҳи ин беморӣ судманд хоҳад буд.

— Ҳоло дар вилояти Хатлон 1666 муассисаи тиббӣ амал мекунанд, ки аз ин теъдод 1510 ададаш муассисаҳои амбулаторию дармонгоҳианд ва шумораи умумии катҳои бистаринамоӣ дар вилоят ба 12 ҳазор адад мерасад, —  афзуд  муовини раиси вилоят.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади таъмини иҷрои қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус COVID-19 дар сатҳи вилоят Ситоди доимоамалкунандаро таъсис дода, имрӯзҳо тамоми ниҳодҳои дахлдор тадбирҳои зиддиэпидемикиро ҷиҳати пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят вусъат дода истодаанд. Аз ҷумла, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят мунтазам безараргардонии бинои ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаву хиёбонҳо бо мақсади пешгирии CОVID-19 амалӣ шуда истодааст.

Зикр гардид, ки шурӯъ аз моҳи феврал то имрӯз дар  вилояти Хатлон корҳои оммафаҳмонию тарғиботӣ ва безараргардонӣ дар тамоми муассисаю ташкилот, муассисаҳои хӯроки умумӣ, бозору дӯконҳо, корхонаю идораҳо, боғҳо, гулгашту хиёбон ва кӯчаю маҳаллаҳо, хонаҳои истиқоматӣ гузаронида шуда, дар воридгоҳи тамоми иншоот саддҳои безараргардонӣ гузошта шудаанд.

Ба ҳолати 15 май дар доираи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои чорабиниҳои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19) аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон қариб 10 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Гурӯҳҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят таъсис дода шуда, корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро бо усули “хона ба хона” оид ба кишти зироати баҳорӣ, такрорӣ ва дигар чорабиниҳои вобаста ба соҳаи кишоварзӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва тозагии муҳити зист дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, имомхатибон, раисони ҷамоатҳо ва дигар аҳли ҷамоатчигӣ пурзӯр намуда, аъзои гурӯҳи корӣ ба ҳар як оила огоҳинома ва тавсияномаҳоро оид ба роҳҳои пешгирии бемории мазкур дастрас намуданд. Дар ин муддат аз тарафи гурӯҳҳои корӣ ва бригадаҳои махсуси соҳаи тандурустӣ аз рӯйи усули фардии “хона ба хона” гардиши хоҷагиҳо ба роҳ монда шуда, қариб се миллион нафар ба суҳбат ва фаҳмондадиҳӣ фаро гирифта шудаанд. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши тиббӣ ва риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ зиёда аз 1 миллион адад маводи иттилоотӣ бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ миёни аҳолӣ тақсим карда шуд.

— То ин вақт аз ҷониби Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус як қатор корҳои муҳим, саривақтӣ ва хеле муфид анҷом дода шудаанд, ки аз таҷриба, касбияти баланд ва масъулиятшиносии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ шаҳодат медиҳад, — афзуд ӯ. – Музофоти Шэнсӣ ва вилояти Хатлон бародарвилоятанд ва мо омодаем, ки тамоми донишу таҷрибаи худро бо табибони хатлонӣ тақсим кунем.

Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 24 май ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавӣ ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавируси нави COVID-19 аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон ҳамчун кумак таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ дастрас карда шуда, гурӯҳи калони мутахассисони соҳаи тиб-асосан вирусологҳо дар ҳайати 14 нафар аз музофоти Шэнсии ин ҷумҳури ба Тоҷикистон омаданд.

Ҳайати табибони чинӣ пас аз мулоқоту табодули афкор бо мутахассисони Раёсати тандурустии вилоят дар шаҳри Бохтар, инчунин аз муассисаҳои тиббии ноҳияи Данғара дидан намуданд.

Май 27, 2020 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ХАБАРИ ФАВРӢ! Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 47 ҳолати нави сироятёбӣ аз COVID-19 ва 1 мавриди фавт ба қайд гирифта шуд
«МО ҲАМАГӢ МАСЪУЛЕМ, ҲАР ЯКИ МО МАСЪУЛ АСТ!». Муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Кодеси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятӣ шарҳ дод
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон аз Норак ва Ёвон боздид намуд
COVID-19. Дар Тоҷикистон шумораи гирифторони коронавируси нав ба 6410 нафар расид
Олимон ҷойҳои ниҳоят хатарноки сироятёбӣ бо коронавирусро номбар намуданд
МАВҶИ ДУЮМИ КОРОНАВИРУС. Дар кадом кишварҳо дубора карантин ҷорӣ карда мешавад?
COVID-19. Шумораи гирифторони коронавирус дар ҷаҳон бо ошкор гардидани беш аз 213 ҳазор ҳолати нав аз 12 миллион нафар гузашт
Cафари кории Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз гардид
ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 78,7%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфтанд
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Азим Иброҳим ба масъулини ноҳияҳои пойтахт: «Иҷрои корҳо вусъати тоза талаб менамояд»
COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар ҷаҳон шумораи гирифторон беш аз 208 ҳазор нафар зиёд гардида, ба 12 миллион наздик шуд