БАРОИ МАҲСУЛОТИ МУҲЛАТИ ИСТИФОДААШ ГУЗАШТА ДАР РАФҲО ҶОЙ НЕСТ! Дар минтақаи Кӯлоб тақрибан 31 тонна моли бесифат мусодира гардид

Май 27, 2020 09:52

БОХТАР, 27.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Кӯлоб аз ҷониби кормандони Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои шаҳри Кӯлоб давоми 4 моҳ тақрибан 31 тонна маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истифодааш гузашта мусодира карда шуд.

Ба гуфтаи муовини сардори ин раёсат Олимшо Баҳодурзода, дар ин муддат дар 272 нуқтаи савдо ва хӯроки ҷамъиятӣ санҷишҳои дахлдор гузаронида шуданд. Нисбат ба 211 нафар санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 36,888 сомонӣ ҷарима ситонида шуд.

Дар маҷмӯъ, мутахассисони шуъбаи озуқа ва кишоварзии раёсат давоми 4 моҳ 1222 намунаи маҳсулоти хӯрокворӣ ва кишоварзиро аз ташхис гузарониданд.

Май 27, 2020 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид