БАРОИ МАШВАРАТ БО ТАБИБ БА КУҶО БОЯД МУРОҶИАТ НАМУД? Дар як шабонарӯз то 450 нафар шаҳрвандон ба телефони боварии Вазорати тандурустӣ занг мезананд

Май 9, 2020 12:03

ДУШАНБЕ, 09.05.2020  /АМИТ «Ховар»/. Бо зиёд шудани шумораи шахсони гирифтори коронавирус, дар Тоҷикистон теъдоди онҳое, ки тавассути телефони боварии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 311 барои кумак муроҷиат менамоянд, низ меафзояд. Дар ин бора маркази матбуоти вазорат хабар медиҳад.

«Давоми як шабонарӯз ба ҳисоби миёна аз 400 то 450 нафар шаҳрвандоне, ки ба машварати тиббӣ оид ба коронавирус ниёз доранд, ба ин рақам занг мезананд», — мегӯяд манбаъ.

Мутахассисони ботаҷриба ба саволҳои мардум посух медиҳанд.

Тавре рӯзномаи «Вечерка» хабар медиҳад, шаҳрвандон инчунин метавонанд бо рақамҳои зерин тамос гиранд, то машварати тиббӣ гиранд ё шикоят кунанд.

227-31-74 – навбатдори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе. Метавонед занг занед ва аз болои амалҳои табибони пойтахт шикоят намоед.

235-11-11 — телефони боварии Прокуратураи генералӣ (шабонарӯзӣ). Тавассути он шикоятҳои шаҳрвандонро дар бораи нархҳои аз меъёр зиёди доруворӣ дар дорухонаҳо ва дар сурати рад кардани табибон аз расондани ёрии тиббӣ қабул мекунад.

  1. Маркази саломатии шаҳрии № 1 231-87-21; 231-38-38
  1. Маркази саломатии шаҳрии № 2 236-79-25
  1. Маркази саломатии шаҳрии № 3 225-54-30; 225-43-21
  1. Маркази саломатии шаҳрии № 4 234-54-75
  1. Маркази саломатии шаҳрии № 5 226-04-16
  1. Маркази саломатии шаҳрии № 6 221-15-83
  1. Маркази саломатии шаҳрии а № 7 233-48-03
  1. Маркази саломатии шаҳрии № 8 224-25-24
  1. Маркази саломатии шаҳрии № 9 236-88-50
  1. Маркази саломатии шаҳрии №10 236-44-61
  1. Маркази саломатии шаҳрии №11 260-69-29
  1. Маркази саломатии шаҳрии №12 234-27-89
  1. Маркази саломатии шаҳрии №13 223-02-94
  1. Маркази саломатии шаҳрии №14 918-61-20-89
  1. Маркази саломатии шаҳрии №15 900-13-69-29
Май 9, 2020 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид