Бо дастури Пешвои миллат Раҷаббой Аҳмадзода ба аёдати оилаҳои шахсони аз бемории сироятӣ фавтида рафт
ДУШАНБЕ, 23.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент ба манзилҳои фавтидагон аз бемории илтиҳоби шуш рафта, аҳли оилаи онҳоро аёдат ва аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро изҳори таслият намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад.
Раиси вилояти Суғд, аз ҷумла оилаи аз бемории сироятии илтиҳоби шуш фавтидаи Робия Дӯстова, сокини деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷина ва оилаи фавтида Хурсандой Гадоева, сокини кӯчаи ба номи О. Мӯъминова, №78 – и шаҳри Панҷакентро аёдат намуда, ба аҳли оила изҳори ҳамдардӣ баён дошта, кумаки моддӣ расонид.
Раҷаббой Аҳмадзода бо мардуми ин маҳаллаҳо суҳбат намуда, ба роҳбарияти шаҳр ва масъулин дастур дод, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати идома додан ва пурзӯр намудани корҳои безараргардонӣ, тарғибу ташвиқи чораҳои мубориза бар зидди пандемияи нав чораҷӯӣ карда, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатиро дар кӯчаву ҷойҳои ҷамъиятӣ, мағозаву дорухонаҳо ва бозорҳо зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд. Қоидаҳои гигиенӣ, меъёрҳои фосилавиро риоя намуда наздикон ва аҳли оилаи худро эҳтиёт кунанд.
Зикр шуд, ки бо заҳмати шабонарӯзии табибони тоҷик аксари мубталоёни бемории COVID-19 шифо ёфта истода, сироятёбӣ ба беморӣ коҳиш ёфта истодааст.








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






