COVID-19. Бонки Осиёии Рушд ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 100 ҳазор доллар грант ҷудо намуд
ДУШАНБЕ, 13.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо коронавируси нав COVID-19 ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар доираи лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак» ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон 100 ҳазор доллар грант ҷудо намудааст. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар марҳилаи хариди маводи мавриди ниёзи аввал барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди COVID-19 12 май аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд (БОР) ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат маводи тиббӣ супорида шуд.
Дар маросими супоридани маводи тиббӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шодихон Ҷамшед иштирок намуда, кумаки Бонки Осиёии Рушдро идомаи ҳамкории мутақобилан судманди вазорат бо ин ниҳоди молиявӣ арзёбӣ намуд.
Маводи тиббии тақсимшуда аз антисептик барои дастон, термосканери электронӣ, маводи гигиенӣ (собун, салфетка, сачоқ), маводи безараргардонӣ, айнакҳои муҳофизатӣ, комбинезонҳои тиббӣ, хилъатҳои тиббӣ, бахил, сарпӯшҳои тиббӣ, дастпӯш ва ниқобҳои тиббӣ иборат мебошанд.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






