COVID-19. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо фаъолияти коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Душанбе шинос шуд

Май 7, 2020 09:05

ДУШАНБЕ, 07.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 май Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Душанбе бо фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёқут-2000» ва корхонаи истеҳсолии «Тоҷтекс» шинос шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе» 160 нафар, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёқут-2000» наздики 200 нафар ва дар корхонаи истеҳсолии «Тоҷтекс»  50 нафар аз шумораи  умумии кормандон ба дўхти ниқобҳои тиббӣ ва либосҳои махсуси муҳофизатӣ барои сокинону табибон машғуланд.

Дар ин корхонаҳои истеҳсолӣ муосиртарин техникаҳои соҳавӣ оварда шуда, барои кормандон имконияти мусоид фароҳам мебошад.

иқобҳои тиббӣ ва либосҳои махсуси муҳофизатӣ барои сокинону табибон, ки дар гузашта аз хориҷи кишвар ворид карда мешуд, имрўзҳо истеҳсолаш пурра дар корхонаҳои саноатии мамлакат роҳандозӣ гардидааст.

Имрўзҳо дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёқут-2000» ва корхонаи истеҳсолии «Тоҷтекс» ниқоб, камбезонҳои пахтагин, хилъатҳои муҳофизатии махсуси тиббӣ барои табибон, ки дар муассисаҳои сироятӣ ҳангоми иртибот бо беморон пешбинӣ шудааст, истеҳсолаш ба роҳ монда шудааст.

Истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда ба хотири таъмини бозори  дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳадафи молистеҳсолкунандагон дар Тоҷикистон коҳиши воридот ва афзоиши маҳсулоти ватанӣ бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта ба ҳисоб меравад.

Ба таъкиди мутахассисон либосҳои махсус ва ниқобҳое, ки имрўз дар корхонаҳои Тоҷикистон истеҳсол карда мешавад, аз маҳсулоти воридотӣ ба куллӣ фарқ мекунанд. Фарқият ҳамин аст, ки муҳлати истифодаи  маҳсулоти тибии дар корхонаҳои Тоҷикистон  истеҳсолшуда бештар буда,  ин маҳсулот аз матоъи махсус  ва докаи пахтагӣ тайёр карда мешавад. Ин омил метавонад  қобилияти муҳофизатиро бештар намояд.

Аснои шиносоӣ ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иттилоъ дода шуд, ки имконияти афзун намудани истеҳсоли маҳсулот дар корхонаҳо зиёд аст.

Вобаста ба ин Сарвазири мамлакат масъулони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёқут-2000» ва корхонаи истеҳсолии «Тоҷтекс»-ро вазифадор намуд, ки фаъолиятро дар  се баст ба роҳ монанд. Ҳамчунин дар ин рўз ҷиҳати бастани шартномаи ҳамкорӣ дар  самти харидуфурўши маҳсулоти тиббӣ миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии захираҳои модии давлатии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаҳои нишонрас татбиқ карда шуд.

Ниқоб ва маҷмўи либосҳои махсуси муҳофизатии истеҳсолнамудаи корхонаҳои  истеҳсолии мамлакат ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгў мебошад  ва барои истифодаи яккарата ва чандкарата пешбинӣ шудааст.

Вобаста ба зарурат сокинон ва мутахассисони соҳаи тиб  метавонанд аз он истифода намоянд.

Коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии мамлакат, ки ба истеҳсоли маводҳои тиббӣ машғуланд, фаъолиятро дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, барои таъмини талаботи сокинон ва муассисаҳои тандурустӣ ба таври густурда ба истеҳсол машғуланд.

Ҳангоми истеҳсол масъулони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Гулистони Душанбе», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёқут-2000» ва корхонаи истеҳсолии «Тоҷтекс» ба сифати маҳсулот диққати аввалиндараҷа медиҳанд.  Зеро дар замони муосир ва бозори озод танҳо маҳсулоти босифату ҷавобгўӣ талабот метавонад рақобатпазир бошаду талаботи сокинонро қонеъ гардонад.

Тибқи маълумоти расмӣ,  ҳоло қариб  20 корхонаи саноатии мамлакат дар як шабонарўз зиёда аз 160 ҳазор дона ниқоби тиббӣ ва ба миқдори зарури либосҳои махсуси муҳофизатӣ барои табибону сокинон истеҳсол  мекунанд.

Дар замони паҳншавии босуръати бемории сироятии коронавирус  дар   ҷаҳон, ва аз ҷумла  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сокинони кишварамонро  мебояд, ки фирефтаи овозаҳои беасосу бардуруғ нагардида, ба таҳлука наафтанд ва ба маълумоти расмӣ такя намоянд. Зеро имрўзҳо дар коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ захираи кофии ниқоб, маҷмўи либоси махсуси муҳофизатӣ барои сокинону табибон ва дигар маводи зарурӣ вуҷуд дошта, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба таври густурда фаъолият доранд.

 

Май 7, 2020 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода