COVID-19. Шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд
ДУШАНБЕ, 28.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. То соати 17:30 дақиқаи 28 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3563 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1674 нафар шифо ёфтаанд. То санаи зикргардида дар мамлакат аз ин беморӣ 47 нафар фавтидаанд. Шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат.
Бино ба иттилои манбаъ, то 28 май дар мамлакат 2322 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 423 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар саросари мамлакат барои безараргардонии кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо, таъмини беморхонаҳо бо маводи зарурӣ ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ корҳои мушаххас амалӣ шуда истодааст.
Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.
АКС аз бойгонӣ








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






