Дар Бохтар ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 27.05.2020. /АМИТ Ховар/. Дирӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Ташхисгоҳи мазкур бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 таъсис дода шуда, имкони дар як шабонарӯз гузаронидани 150-200 таҳлилро дорад. Хизматрасонии ташхисгоҳ ройгон роҳандозӣ хоҳад шуд.
Дар ин бора сардори шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Носирҷон Маъмурзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Нурулло Бояков иброз намуд, ки ташхисгоҳи мазкур бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар назди ташхисгоҳи амалкунандаи Марказ таҳти роҳбарии ӯ ба кор оғоз кард.
Н. Бояков ҳамчунин иттилоъ дод, ки мутахассисони ташхисгоҳ аз курси махсуси омӯзишӣ дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаштанд.
— Айни замон мутахассисони пажӯҳишгоҳи мазкур дар ин ташхисгоҳ ба мутахассисони мо тарзу усули гузаронидани таҳлилҳоро меомӯзанд, — афзуд номбурда.
Дар шаҳри Кӯлоб низ барои муайянсозии бемории COVID-19 чунин ташхисгоҳи вирусологӣ ба кор шурӯъ кард ва акнун дар ҳудуди вилояти Хатлон анҷом додани ҳамаи ин гуна таҳлилҳо имконпазир гардид. Қаблан намунаи таҳлили гумонбарони бемории COVID-19 барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.








КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн






