Дар Суғд барои муайян намудани беморони COVID-19 озмоишгоҳи вирусологӣ фаъол мегардад

Май 21, 2020 11:30

ДУШАНБЕ, 21.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик дар вилояти Суғд барои муайян намудани беморони коронавируси COVID-19 озмоишгоҳи вирусологӣ фаъол гардад. Ин нукта зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо табибону кормандони марказҳои саломатии рақамҳои 2, 4 ва 5 –и шаҳри Хуҷанд зикр гардид.

Раиси вилоят зимни мулоқот бо табибону кормандон аз суханронии Сарвари давлат бо роҳбарон ва кормандони соҳаи тандурустии мамлакат, ки 20 май доир шуд, ёдовар шуда, ин гуфтаҳои Пешвои миллатро иқтибос овард:

«Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки то ҳол ба ҷуз аз риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, яъне гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ дигар роҳи самараноки пешгирӣ кардани паҳншавии ин вирус вуҷуд надорад.

Ғайр аз ин, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти бонизоми беморхонаҳо, дармонгоҳҳо, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро ба роҳ монда, ҷиҳати таъмини онҳо бо доруворӣ, таҷҳизоти замонавӣ ва маводи ғизоӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намояд. Барои ҳалли масъалаҳои бетаъхир маблағҳои аввалин аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва Фонди захиравии Президенти мамлакат ҷудо карда шуданд, ки то ба имрӯз барои харидории таҷҳизоту ашёи зарурии тиббӣ ва доруворӣ сарф шуда истодаанд ва истифодаи онҳо таҳти назорат қарор дорад».

Зикр шуд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин вабои аср дар ҷумҳурӣ тадбирҳои саривақтӣ роҳандозӣ гардида, бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд. Ҷиҳати расонидани кумак ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ҳаҷми 29 миллион сомонӣ маблағҳои зарурии иловагӣ ҷудо гардида, кори Ситод зери назорати шахсии Сардори давлат қарор гирифт. Ҳамчунин дар шаҳру навоҳии вилоят низ чунин ситодҳо ташкил гардида, маблағҳои зарурӣ дар ин самт ҷудо шудаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки чанд рӯз қабл корвони кумакҳои моддии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иборат аз 140 мошини пурбор ба 18 шаҳру навоҳии вилоят тақсим карда шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки самараи муборизаи дастҷамъона буд, ки имрӯз сафи беморони коронавирус хеле коҳиш ёфтааст.

Раиси вилоят гуфт, ки бо андешидани тадбирҳои фаврӣ дар тамоми марказҳои саломатии шаҳр шароити зарурӣ муҳайё шудааст. Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин дастур дод, ки дар зудтарин фурсат рӯйхати беморони камбизоатро манзур намоянд, то ба онҳо дорувории ройгон дастрас карда шавад. Сипас ба марказҳои саломатии номбурда кумакҳои Раиси вилоят, аз қабили доруворӣ, корҷома, ниқоб, дастпӯшак, асбоби муҳофизатӣ, моддаҳои безараргардонии антисептикӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ тақдим карда шуданд.

 

Акс аз бойгонӣ

Май 21, 2020 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ