Хатлон: 101 тонна олу ба хориҷи мамлакат содирот гардид

Май 28, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 28.05.2020. /АМИТ Ховар/.  27 май аз вилояти Хатлон ба Федератсияи Россия боз 50 тонна олу содирот карда шуд. Соҳибкорони маҳаллӣ олуро аз ноҳияи Кӯшониён дар қуттиҳои махсус бор карда, тавассути мошинҳои борбар ба шаҳри Санкт-Петербург равон намуданд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Як рӯз пеш боғпарварони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бо мусоидати бахши намояндагии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат 51 тонна меваҷот содир карда буданд.

То имрӯз асосан аз навоҳии Ҷ. Балхӣ, Кӯшониён ва Ҷайҳуни  вилояти Хатлон ба хориҷи мамлакат ҷамъан 139 тонна мева бо иловаи лимӯ содирот шудааст. Мавсими содироти меваҷот, тавре ки мутахассисон таъкид мекунанд, нав  шурӯъ шудааст.

Имсол тибқи дурнамо, аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба давлатҳои хориҷи дуру наздик 90 ҳазор тонна меваю сабзавот содирот мешавад.

То 27 май ин нақша ба андозаи 40,5% иҷро гардида, ба хориҷа 36 ҳазору 429,1 тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 36 ҳазору 255,2 тонна пиёз содир карда шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи қариб 15 ҳазор тонна маҳсулот бештар аст.

Маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли вилояти Хатлон асосан ба Қазоқистон, Покистон, Афғонистон, Федератсияи Россия ва Қирғизистон равона гардидаанд.

Май 28, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд