Хатлон: Дар арафаи Иди Ғалаба 2500 сомонӣ мукофотпулӣ ба ҳар як иштирокчӣ ва маъюби ҶБВ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 08.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бахшида ба 75-умин солгарди Ғалаба бар фашизм ҷиҳати расонидани кумаки молиявии яквақтаина ба 57 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 145 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо гардид. Мукофоти молиявӣ ба андозаи 2500 сомонӣ ба ҳар як нафар зимни аёдати шахсӣ дар манзили зисташон бо тантана тақдим карда шуд. Дар ин бора АМИТ “Ховар” бо истинод ба шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Дар вилояти Хатлон то имрӯз шумораи иштирокчиёни ҶБВ 24 нафар ва маъбони ҶБВ 33 нафарро дарбар мегирад. Дар арафаи Иди Ғалаба аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту муассисаҳо низ ба ҳамаи онҳо кӯмакҳои яквақтаина расонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 57 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз вилояти Хатлон ба ҳар як нафар ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаина ҷудо шудааст, ки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онро зимни аёдат аз номи Сарвари давлат ба соҳибонашон супориданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






