Худ ва наздиконатро ҳифз намо! Аксияи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ
ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Худ ва наздиконатро ҳифз намо!» — таҳти ин унвон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи тарғиботӣ роҳандозӣ кард. Аксияи мазкур бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои гигиенӣ ва пешгирии бемории коронавирус (COVID-19) амалӣ гардида, дар он мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ, роҳбарони синф ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, магистрантон, аспирантон ва омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ихтиёрӣ ҷалб мегарданд.
Дар доираи аксия кормандони соҳа, роҳбарони синфҳо, омӯзгорон бо вазъ ва шароити хонандагон шинос гардида, ба онҳо тавсия медиҳанд, ки дар давраи таътил омӯзишро тавассути Телевизиони кӯдакон ва наврасони «Баҳористон» мустақилона бо ёрии калонсолони аъзои оила, тавассути алоқаи электронӣ бо омӯзгорон ва ҳамсинфон ва дигар имкониятҳо ба роҳ монда, барои худ шуғли муфид интихоб намоянд.
Ҳамзамон аз волидайн ва калонсолони оила хоҳиш карда мешавад, ки барои кӯдакону наврасон дар хона шуғли муайян, аз қабили ба корҳои хонагӣ пухту паз, тоза намудани хона, ҳавлӣ ва атрофи он, ҳамкорӣ ва расонидани ёрӣ ба дигар аъзои оила машғул шудан, омӯхтани ҳунарҳои гуногун, варзиш дар шароити хона, инчунин ба китобхонӣ машғул шуда, шабакаҳои телевизионии ба синну сол мувофиқро тамошо намуда, дар доираи озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» адабиёти бадеӣ мутолиа намоянд.
Дар давраи таътили ғайринавбатӣ тамоми китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ фаъолият дошта, хонандагону донишҷӯён имокгн доранд китобҳои бадеӣ ва таълимию илмӣ дастрас намоянд.
Иштирокдорони аксия дар маҳаллаҳо ва хонаҳои шаҳрвандон суҳбатҳо гузаронида, барои пешгирии паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19) варақаҳои таблиғотӣ ва дигар маводи маърифатӣ паҳн мекунанд, инчунин қоидаҳои риояи гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқоб, ҳангоми суҳбат нигоҳдоштани масофаи на камтар аз 1,5 — 2 метр, мунтазам шустани дастон бо собун ва дигар маҳлулҳои зиддивирусиро тавсия медиҳанд.








«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик






