Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 27, 2020 13:08

ДУШАНБЕ, 27.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соати 11:55-и  27 майи соли 2020 бархилофи созишномаҳои қаблан баимзорасида, аз хонаи мутааллиқ ба шаҳрванди Қирғизистон Бахтибеков Соат, сокини деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Оқсой ба сӯйи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Муътабархонум Шаропова (Муътабархонуми Зухриддин), соли таваллудаш 1995, истиқоматкунандаи маҳаллаи Қақири Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва коргари бригадаи №14-уми тухмипарварии ҳамин маҳалла тир кушода, ӯро аз қисмати рости баданаш захмӣ кардааст.

Ин амали иғвоангезонаи сокини ҶҚ нишонаи кӯшиши ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хати сарҳади давлатӣ арзёбӣ мегардад, ки метавонад вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадӣ дар ин минтақаи ҳассос барангезад.

Айни замон М. Шаропова дар ҳолати миёнаи вазнин дар беморхонаи шаҳрӣ бистарӣ гардида, мақомоти дахлдори ду давлат дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, барои мушаххас намудани ҷузъиёти қазияи бамиёномада миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида  истодаанд.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои
сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 27, 2020 13:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз сатҳи дониш, касбият ва забондонии кормандон вобаста аст»
Дар шаҳри Ҳисор бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ баъди таъмир ба истифода дода шуд
ҲОМИЁНИ НАЗМУ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ. Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷик таҷлил гардид
Рӯзи милитсияи тоҷикро дар Хуҷанд ботантана ҷашн гирифтанд
Дар Бадахшон бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши идона доир шуд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ Рӯзи милитсияи тоҷик ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР – РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон ислоҳоти милитсия идома дорад
Президенти Тоҷикистон: «Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар солҳои бисёр душвору ҳассос саҳми таърихӣ гузоштанд»
Дар Ироқ масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияту бехатарӣ баррасӣ шуд
МУҲОФИЗАТГАРИ БОЭЪТИМОДИ ХАЛҚУ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи милитсия
Дар Москва нишасти сездаҳуми котибони Шурои амнияти кишварҳои ИДМ баргузор шуд
Дар мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Конститутсия ҳамоиши илмӣ – маърифатӣ доир шуд