Машварати видеоии намояндагони Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Афғонистон
ДУШАНБЕ, 29.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 28 май муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дар машварати видеоии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар машварат масъалаҳои муборизаи муштарак бо бемории ҳамагири COVID-19 ва абзорҳои имконпазири ҳамкорӣ барои коҳиш додани пайомадҳои иқтисодии он дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон муҳокима гардиданд. Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти берунии Иттиҳоди Аврупо Ҳелга Шмид нақши ин ниҳодро дар бароварда сохтани ниёзҳои мубрам ва костани пайомадҳои ҳамагири COVID-19 муаррифӣ намуд.
Роҳбарони ҳайатҳо ҳамчунин масъалаҳои омодагӣ ба нишастҳои навбатии сиғаи ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ карданд.








Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид






