Напардохтани маблағи шартномаи таҳсил сабаби хориҷ гардидани донишҷӯ намегардад!

Май 4, 2020 16:39

ДУШАНБЕ, 04.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба донишҷӯёне, ки бо сабаби вазъи номусоиди оилавӣ фоизи муайяни маблағи шартномаи таҳсилро насупоридаанд, имтиёз дода мешавад. Айни замон  насупоридани маблағи шартномаи таҳсили  донишҷӯ набояд садди роҳи ҷамъбасти сессияи тобистона гардад.  Донишҷӯ  дар вақти дигар бо хуб шудани вазъ дар мамлакат  ва пайдо шудани имконоти молиявӣ маблағи шартномаи таҳсилро пардохт менамояд.

Ин дастурро Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммадюсуф Имомзода зимни ҷаласаи фаврӣ ба  роҳбарони муассисаҳои таҳсилотии олии касбии ҷумҳурӣ  расонид.

Тавре  сардори маркази матбуоти Вазорати мазкур Эҳсон Сафарзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод,  дар ҷаласаи мазкур  М.Имомзода  таъкид намуд, ки имтиҳони донишҷӯёне, ки бо сабабҳои узрнок дар имтиҳоноти хатм иштирок карда наметавонанд ба даври дигар-семестри тирамоҳӣ гузаронида шавад. Ҳамчунин қабл аз имтиҳоноти хатм, ки он то15 май ҷамъбаст мешавад, тамоми синфхонаҳои имтиҳонгирӣ безарар гардонида шаванд.

Ёдовар мешавем, ки бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли сирояти коронавирус (CОVID-19), ки ҷаласаи он рўзи 30-юми апрели соли 2020 доир гардид, барои донишҷўёни курсҳои 1, 2 ва 3-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар аз худ шудани барномаҳои таълимӣ аз 4  майи соли 2020 таътили тобистона эълон карда шуд. Имтиҳоноти тобистонаи ин донишҷўён аз рўйи рейтингҳои якум ва дуюм ҷамъбаст ва баҳогузорӣ карда мешавад.

Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбасти имтиҳоноти давлатии хатм то 15 майи соли 2020 пешбинӣ шудааст.

«Бо назардошти вазъи ҷойдошта дар  мамлакат бинобар аз худ шудани барномаҳои таълимӣ бо ба инобат гирифтани натиҷаи баҳои рейтингҳо баҳои ҷамъбастии донишҷўёни курсҳои 1-3 (ихтисосҳои ҳамгиро-курсҳои 1-4, ихтисосҳои тиббӣ-курсҳои 1-5) гузошта шавад»,-афзуд вазир.

Май 4, 2020 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад