ПАЙРАВӢ АЗ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Роҳбари клуби «Истиқлол» Шоҳрух Саидзода маоши яксолаи худро барои мубориза бо COVID — 19 бахшид

Май 5, 2020 15:37

ДУШАНБЕ, 05.05.2020/АМИТ «Ховар»/. Роҳбари клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе Шоҳрух Саидзода маблағи худро ба бунёде, ки барои мубориза бо коронавирус таъсис шудааст, фиристод. Дар ин бора дар саҳифаи расмии тими «Истиқлол» дар Facebook хабар дода  шудааст.

Дар хабар омадааст, ки иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро дастгирӣ намуда, президенти клуби «Истиқлол»-и Душанбе аз гирифтани музди яксолаи худ дар клуб даст каши два  онро барои мубориза бо коронавирус ҳазина кард.

Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, то имрӯз бо пайрави аз ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби махсус ҷиҳати маблағгузории  тадбирҳои мубориза бо  коронавирус таҳвил доданд,  Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва тобеинаш, роҳбарити Вазорати саноат ва техлогияҳои нав, дигар вазорату идораҳои мамлакат аз ҳисоби маоши худ ба суратҳисоби  мазкур маблағ интиқол намуданд.

АКС: скриншот аз сомонаи КФ «Истиқлол»

Ёдрас мешавем, ки то 5 майи соли равон дар ҳудуди Тоҷикистон 230 ҳолати сироятёбии шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19, аз ҷумла 110 ҳолат дар шаҳри Душанбе, 22 ҳолат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 7 ҳолат дар ВМКБ, 21 ҳолат дар вилояти Хатлон ва 70 ҳолат дар вилояти Суғд ошкор гардид.

Ҳамзамон 3 ҳолати фавти шаҳрвандон аз сирояти коронавируси нави COVID-19 дар мамлакат ба қайд гирифта шудааст.

Май 5, 2020 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид