РӮШОН: ҳамдеҳагон аз таҷрибаи Ҳандам Давлатмаҳмадов дар ташкили гармхонаҳои наздиҳавлигӣ истифода мебаранд

Май 6, 2020 10:07

   ХОРУҒ, 06.05.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯшон сол аз сол  теъдоди гармхонаҳои наздиҳавлигӣ  зиёд мешаванд. Аз ҷумла, сокини  ноҳия Ҳандам Давлатмаҳмадов дар заминҳои наздиҳавлигияш гармхона ташкил карда,  аз ин ҳисоб   даромади  хонаводаашро таъмин  месозад.  Гузориши хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Файзи МИРАСАН дар ин бора.

Номбурда масоҳати  майдони гармхонаҳоро то ба 1 ҳазору 16 мураббаъ расонда, бозори маркази ноҳияро бо кабудӣ ва бодирингу помидор таъмин менамояд. Ҳ.Давлатмаҳмадов  аз чор гармхонаи наздиҳавлигиаш то ба имрӯз 150 килограм бодиринг ба бозори ноҳияи Рӯшон ба фурӯш баровардааст. Соли гузашта аз гармхонаҳои худ зиёда аз 3 тонна сабзавотро ба фурӯш бароварда,  баҳори имсол аз ҳисоби фоидаи бадастовардааш  масоҳати гармхонаҳоро васеъ намуд. Айни ҳол дохили гармхонаҳои Ҳандам Давлатмаҳмадов аз кучати помидору бодиринг пур буда, аз охири моҳи май ба ҷамъоварии  помидор  шурӯъ менамояд.

Ҳандам Давлатмаҳмадов ҳамзамон барои ташкили гармхонаҳо ба ҳамдеҳагонашон тавсияву маслиҳатҳои муфид медиҳад. Зеро ба гуфтаи ин деҳқони асил,  ташкили гармхонаҳо дар шароити камзамини Бадахшон ба манфиати деҳқононон буда, аз заминҳои дохили гармхона метавон ду ва ё зиёда ҳосил гирифта, хароҷоти хонаводагиро пурра таъмин намуд. Ба ғайр аз ин, аз ҳисоби афзоиши гармхонаҳо  имкони ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти дохилӣ пурра вуҷуд дорад.

Дар ноҳияи мазкур  1 ҳазору 601 гектар замин дар ихтиёри деҳқонон қарор дошта, аз ин 333 гектар боғ, 2 ҳазору 686  гектар чарогоҳ мебошад. Имсол кишоварзон  дар  154 гектар замин ғалладона, 36 гектар  картошка, 8 гектар  сабзавот кишт мекунанд. Дар майдони 81 гектар ғаллаи тирамоҳӣ кишт шуда, нашъунамои хуб дорад.

Май 6, 2020 10:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд