Ризо Назарзода: «Ҷавонон гурӯҳи иҷтимоию демографӣ ва табақаи ҳассоси ҷомеа маҳсуб меёбанд». 23 май — Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Май 23, 2020 08:08

ДУШАНБЕ, 23.05.2020 /АМИТ «Ховар»/.  23 майи  соли  1997  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, фармонеро  «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон» ба имзо расониданд. Маҳз ҳамин рӯзи таърихӣ сабаб шуд, ки  23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон гардад.

Волотар ва арзишмандтар он аст, ки соли 1994 нахустин маротиба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба намояндагӣ аз номи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардиданд. Аз ин рӯ ҷавонон дар ҳама давру замон неруи пешбарандаву бунёдкор, қишри такомулдиҳандаи ҷомеа ба шумор мераванд. Ҳамин аст, ки Сарвари давлат ҷавононро «ояндаи давлат, қувваи бузурги пешбаранда ва омили муҳими рушди ҷомеа» мешуморанд».

Ҷавонон  ворисони арзанда ва созандагони  имрӯзу фардои ҷомеа буда,  рушди ҳар як давлат  аз онҳо вобастагии калон дорад.

Тавре муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт,  ҷавонон гурӯҳи иҷтимоию демографӣ, аз лиҳози нуфуз қишри васеъ ва табақаи ҳассоси ҷомеа маҳсуб мешаванд. Тавре аз таҳлилу омӯзиши минбаъдаи ҳаракати ҷавонон бармеояд, нимаи дуюми солҳои 80-уми асри гузашта ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф кард, ки мушкилоти ҷавононро аз мушкилоти дигари ҷомеа ҷудо кардан номумкин аст. Таҳлили мантиқии ин гуфтаҳо дар он исбот гардид, ки Созмони Милали Муттаҳид  соли 1985-ро Соли байналмилалии ҷавонон эълон дошт ва бори аввал дар ҳуҷҷатҳои ин созмони бонуфуз дарҷ гардид, ки афзоиши ҷавонони кураи Замин ба мушоҳида мерасад ва дар ин замина ин ташкилоти бонуфуз аз кулли давлатҳо даъват ба амал овард, ки барои беҳбуди ҳаёти ҷавонон тадбирҳои дахлдор амалӣ созанд. Мояи хурсандист, ки пас аз шаш моҳи соҳибистиқлолӣ – 13 марти соли 1992 Тоҷикистон миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро қабул намуд.

Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон шурӯъ аз соли 1991 барои заминагузориву татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон корҳои басо шоён анҷом дод. Ин ташкилот, пеш аз ҳама, ҷавонони ташаббускору ватандӯстро дар атрофи худ муттаҳид намуда, оид ба пуштибонӣ кардан аз ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҷодаи истиқрори сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ садо баланд намуд. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ташкилот шиори худро «Барои ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистон» муқаррар намуда, баҳри ҷалби ҷавонони мамлакат ба муттаҳидиву ягонагӣ бисёр амалҳои наҷиб анҷом дод. Дар бораи тадбирҳои анҷомдодаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон танҳо овардани ҳамин далел кифоя аст, ки маҳз бо ибтикори ин ташкилоти бонуфуз дар солҳои ҳассоси ҷанги шаҳрвандӣ се мулоқоти таърихии Сарвари давлат бо намояндагони ҷавонон (солҳои 1993, 1994, 1997) доир гардиданд, ки дар он шароит ҳар кадоме аз ин мулоқот аҳамияти басо арзишманд ва созгор доштанд. Соли 1997 зимни вохӯрӣ бо ҷавонон Сарвари давлат дар бораи таъсиси сохтори давлатии ҷавонон – Кумитаи кор бо ҷавонон мужда расониданд.

Тавре худи Пешвои миллат  гуфтаанд: «Мо бояд ташаббус ва неруи созандаи ҷавононро ба манфиати рушди давлат равона созем, кӯшиш намоем, ки ҷавонон дар ҷомеа мавқеи арзандаи худро соҳиб гарданд. Муҳити солими маънавиро дар байни ҷавонон фароҳам орем ва имкон диҳем, ки неруи эҷодӣ-илмии онҳо озодона густариш ёбад. Барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷавонон шароити мусоид фароҳам орем». 

Ба зикри Ризо Назарзода, имрӯз бобати дастгирии иҷтимоии ҷавонон, ҷалби онҳо ба корҳои манфиатбахш, таъмини ҷавонон бо ҷойҳои кории мувофиқ, фароҳам овардани шароит барои ташаккули фарҳанги сиёсию маърифати ҳуқуқии ҷавонон, дастгирии соҳибистеъдодҳо, дар маҷмӯъ барои иштироку фаъолияти ҷавонон дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ҳамаи шароит фароҳам ва тадбирҳои пайваста роҳандозӣ мегарданд.

«Дар солҳои баъдӣ дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ин соҳа чандин баробар афзоиш ёфт ва дар ин замина кумита низ корҳои назаррасе ба анҷом расонид. Таъсиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (27 майи соли 2015) ва дар заминаи он эълон гардидани соли 2017 Соли ҷавонон идомаи мантиқии сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат дар роҳи устувор гардонидани мавқеи ҷавонони тоҷик дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳон маҳсуб меёбад.

— Иқдому ташаббусҳои ҷавонони имрӯзаамон шоёни таҳсинанд. Аз ҷумла, бо роҳнамоии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш имрӯз силсилачорабиниҳои гуногун таҳти унвони «Ҷавонон- пайрави Пешвои миллат!» доираи васеи ҷавононро фаро гирифта, ба худ хусусияти анъанавӣ гирифтаанд. Тадбири мазкур як навъ муроҷиат ва изҳороти ҷавонон ба дигар ҳамсолонашон, нишони шукргузории насли ҷавон, нишони эҳтиром ба дастовардҳои арзишманди даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки дар маҷмуъ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сарчашма мегиранд»,- мегӯяд муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.

Ҳоло нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ назаррас мебошад. Дастовардҳои  онҳо дар ҷодаи истеҳсолоту саноат, илму техника, фарҳанг, варзиш ва дигар самтҳои афзалиятнок имрӯз чашмрасанд.   Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба миллати тоҷик, бахусус ҷавонон муяссар шуд, ки дар соҳаҳои муҳим ва афзалиятнок донишу маҳорати худро такмил дода, дар арсаҳои гуногун давлату миллати худро муаррифӣ намоянд. Хусусан, ғолибияти толибилмони макотиби миёна ва ва донишҷӯёни мактабҳои  олӣ дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, дастболо шудани варзишгарони тоҷик ва парафшон  гардидани Парчами миллии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ  далели ин гуфтаҳост.

Инҷо ба ҷавонони иззатманд муроҷиат намуда гуфтаниям:  фаромӯш насозанд, ки мурод аз зиндагӣ ин накӯӣ кардан ба мардум, дили пок доштан, хоксорӣ, фурӯтанию хайрандешист. Ҷавонон бояд худкор бошанд, ақлу хирадро ба кор андозанду дуои падару модар ва миллати точикро гиранд, хоксору меҳнатдӯст бошанд. Кибру ғурур хоси ҷавонмард нест, балки бонангу номус, пурсабру ботамкин бошанд. Аз ҳама муҳимтар, вақтро аз даст надода, ҳар қадар метавонанд, касбу ҳунар омӯзанд, зеро ба фармудаи Саъдии бузургвор, «ҳунар чашмаи зоянда ва гавҳари поянда аст. Агар ҳунарманд аз давлат бияфтад, боке нест, зеро ҳунар худ давлат аст».

Дар маҷмӯъ, бояд  он чизе ки Ватан ба мо додааст, шукри он кунем, зеро инсон бо Ватан зинда аст, Меҳани мо модари мост ва мо дар оғӯши пурмеҳри ӯ ба воя расидаем. Тоҷикистон хонаи умеди мост. Шукри Тоҷикистони биҳиштосо намоему дар атрофи сиёсати дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем,- иброз медорад муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода.

Май 23, 2020 08:08

Хабарҳои дигари ин бахш

45 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ҳиндустон ба Ватан баргардонида шуданд
ХАБАРИ ХУШҲОЛКУНАНДА! Дар Тоҷикистон 1575 нафар аз COVID-19 шифо ёфтанд
Табибони Чин ба тадбирҳои зиддиэпидемикӣ дар вилояти Хатлон баҳои баланд доданд
Мутахассисони Чин бо табибони сироятшинос ва эпидемиологи Хатлон табодули таҷриба намуданд
ДАР ТОҶИКИСТОН ДАҲАИ ДУВВУМИ МОҲИ ИЮН КОРОНАВИРУС МЕТАВОНАД НОБУД ШАВАД. Ин хулоса аз пешгӯиҳои мутахассисон бармеояд
Биолог узвҳоеро номбар намуд, ки баъд аз COVID-19 бояд ташхис карда шаванд
COVID-19: НАҶОТЁБИИ АСРОРОМЕЗ. Чӣ тавр Япония бидуни карантин ва ташхиси оммавӣ коронавирусро мағлуб кард
Дар Бохтар ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолият оғоз намуд
22 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Красноярски Россия ба Ватан баргардонида шуданд
ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон шумораи беморони аз коронавирус шифоёфта ба 1417 нафар расид
Виктор Ким: «Ман роҳи интихобкардаи Ҳукумати Тоҷикистон – карантини нармро комилан дастгирӣ мекунам»
Ҷамолиддин Абдуллозода: «Табобати беморони гирифтори коронавируси нави COVID-19 пурра ройгон аст»

Маводҳои таҳлилӣ